Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯробҳои "Made in Tajikistan". Коргоҳе дар Хатлон мехоҳад онро бозоргир кунад. ВИДЕО


Дар вилояти Хатлон корхонае ба истеҳсоли ҷӯробҳои тоҷикӣ оғоз карда, талош доранд онро ба хориҷа содир кунад. Дар шароите, ки бисёр корхонаҳо аз набудани фазои мусоид барои кор шикоят доранд, "Сомон байк" мехоҳад ҷӯробҳои "Made in Tajikistan"-ро бозоргир кунад.

Оиша Шарипова, яке аз даҳ зане аст, ки дар коргоҳи нассоҷӣ ҷӯроб мебофад. Моҳона то 700 сомонӣ маош мегирад. Шарипова мегӯяд, касби ҷӯроббофиро хуб азхуд кардааст. "Ман таҷрибаи ҷӯроббофиро надоштам, вале ҳоло дар коргоҳ омӯхтам ва зиндагиро мечархонам,"-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Коргоҳи ҷӯроббофӣ дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон аз сӯи як соҳибкори маҳаллӣ таъсис ёфтааст. Баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ин аввалин коргоҳи истеҳсоли ҷӯробҳои тоҷикӣ мебошад, ки дар маркази вилояти Хатлон ба фаъолият оғоз мекунад.

Коргоҳи "Сомон байк" ҳоло чандон бузург нест ва солона ҳамагӣ як миллион дона ҷӯроб тавлид мекунад. Арзиши як ҷӯроби корхона аз 3 то 6 сомонӣ аст. Масъулини корхона мегӯянд, ният доранд солҳои оянда теъдоди кормандон ва ҳаҷми тавлидро зиёд кунанд.

Зафар Шарипов, як масъули сехи дӯзандагӣ гуфт, ки корхона тоза ба кор шуруъ карда, дар рӯзҳои аввали корӣ дар бозорӣ дохили харидори худро пайдо кардаанд. "Харидор ҳаст, талош дорем, ки ба хориҷа содирот кунем, албата баъди онки рафту омад осон шавад",-афзуд Шарипов.

Коргоҳи нави истеҳсоли ҷӯробҳои тоҷикӣ тоза ба кор шуруъ карда, маълум нест, ки то куҷо метавонад ба шароити тиҷорат дар Тоҷикистон мутобиқ шавад. Корхонаҳое мисли "Сомон байк" дар Хатлон ҳоло ба мушкилиҳои зиёде рубарӯ ҳастанд. Аз ҷумла ширкати бузурги "Ресанда"-и соҳибкори муваффақ Нусратулло Файзуллоев даҳҳо ҳазор сомонӣ аз андоз қарздор буда, фаъолияти назаррасе надорад.

Дар Хатлон ҷӯроби "Made in Tajikistan" тавлид мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Вилояти Хатлон солҳои охир дар бофтани ҷӯроб ва содироти он ба хориҷӣ кишвар таҷриба дорад. Аввалин бастаи ҷӯробҳо аз як коргоҳи насоҷӣ дар ноҳияи Ёвон ҳанӯз як соли пеш ба бозорҳои Русия роҳ ёфтанд.

Ҳукумати Тоҷикистон эълон кардааст, ки талош мекунад саҳми саноатро дар иқтисодиёт боло баранд. Аммо мунтақидон мегӯянд, тасмимҳои ҳукумат барои ин кор бештар дар сатҳи шиор ва рӯи коғаз боқӣ мондаанд ва иқдоми амалӣ кам дида намешавад. Баланд будани андоз, дастрас набудани қарзҳои бонкӣ ва қоидаҳои нонавишта аз мушкилиҳои аслии тиҷорат дар Тоҷикистон гуфта мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG