Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сербия даҳҳо эътирозгар маҷрӯҳ шуд


Задухӯрди полис ва эътирозгарон шоми 7 июл дар Белград ба хушунат печид
Задухӯрди полис ва эътирозгарон шоми 7 июл дар Белград ба хушунат печид

Полиси Сербия гуфт, ки дар талоши ҳуҷум ба бинои парлумон ва задухӯрд бо полис шаби гузашта 24 нафар боздошт шуда аз миёни мардум ва полис 60 нафар маҷрӯҳ шуданд. Эътирозгарон, ки шуморашон аз ҳазор нафар бештар гуфта мешавад, рӯзи 7 июл ба нишони эътироз аз дубора ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои иҷтимоӣ дар заминаи паҳншавии коронавирус назди парлумон ҷамъ шуда хостанд ба ин бино ҳуҷум кунанд. Эътироз дар ҳоле ба хушунат печид, ки гурӯҳе тавонист ба бинои парлумон рахна кунад ва дигарҳо бо сангу шиша мусаллаҳ шуда ба полис ҳамла намуданд. Ходимони полис бо гази ашковар посух доданд, то ки издиҳом пароканда шавад. Дар наворҳои видеоӣ дида мешавад, ки полис эътирозгаронро тела медиҳаду бо чӯбдаст мезанад. Владимир Ребич, раиси полис рӯзи 8 июл гуфт, ки дар ин ҳодиса 43 ходими полис ва 17 эътирозгар маҷрӯҳ шуданд ва панҷ мошини полис оташ зада шуд. Полис гуфт, ки ин эътирозҳоро гурӯҳҳои ростгаро ба раҳбарии узви маҷлис Срдян Ного ташкил карда ҳоло худаш боздошт шудааст. Эътирозгарон ният доранд имрӯз ҳам гирдиҳамоӣ ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG