Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабибуллоев баъди истеъфои Фузайлов сармураббии "Кӯктош" шуд


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи "Кӯктош"

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, мутахассиси маъруфи футбол, сармураббии дастаи лигаи олии Тоҷикистон - "Кӯктош"- и Рӯдакӣ - таъйин шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Ҳабибуллоев дар ин вазифа Раҳматулло Фузайловро, ки бинобар натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста истеъфо дод, иваз кард. Ин аввалин истеъфои сармураббӣ дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол “Кӯктош” пас аз натиҷагирии ҳашт даври қаҳрамонии Тоҷикистон бо 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар байни даҳ дастаи лигаи олӣ дар зинаи ҳафтум ҷойгир шудааст.

«Кӯктош» бо раҳбарии сармураббии нав Маҳмадҷон Ҳабибуллоеви 55-сола дар бозии даври нӯҳуми қаҳрамонии кишвар рӯзи шанбе, 11-уми июл, дар майдони худ муқобили дастаи нави лигаи олӣ - «Файзканд»-и Восеъ – ба майдон меояд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, собиқ бозигари “Равшан”-и Кӯлоб, солҳои тӯлонӣ сармураббии дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода буд. Таҳти раҳбарии ӯ "Регар-ТадАЗ" шаш бор қаҳрамони Тоҷикистон ва се бор барандаи Ҷоми раиси AFC (Конфедератсияи футоли Осиё) гардидааст.

Ҳабибуллоев ба ғайр аз “Регар-ТадАЗ”, дар бошгоҳҳои “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор кор кардааст. "Далерон – Ӯротеппа" бо раҳбарии ӯ медалҳои биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистонро соҳиб шудааст.

Ин мураббии номдори тоҷик, инчунин сармураббии тими миллии Тоҷикистон ва дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар (U-21) буд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

8

7

1

0

38-5

22

2

«Хатлон» (Бохтар)

8

5

2

1

15-11

17

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

8

5

1

2

16-10

16

4

ССКА (Душанбе)

8

3

2

3

11-11

11

5

«Душанбе-83» (Душанбе)

8

3

2

3

9-15

11

6

«Файзканд» (Восеъ)

8

2

4

2

9-14

10

7

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

8

2

3

3

8-11

9

8

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

8

2

1

5

12-18

7

9

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

8

1

1

6

7-15

4

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

8

1

1

6

9-24

4

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 8 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 7 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 6 тӯб.

Даври 9-ум

11-уми июл (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Кӯктош» – «Файзканд»

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

«Истаравшан» – ССКА

12-уми июл (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Хуҷанд» – «Душанбе-83»

«Истиқлол» – «Локомотив-Помир»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG