Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 53 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавируси нав тасдиқ шудааст. Бо ин рақам шумори умумии беморон дар Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл ба 6315 нафар расид.
Тибқи омори расмӣ, то имрӯз 4965 нафар ё беш аз 78 фоизи гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон шифо ёфта, 53 тан қурбон шуданд.
Шубҳаву гумонҳо ба омори расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи теъдоди гирифторон ба COVID-19 то ҳанӯз боқист. Бахусус дар шароите, ки кишварҳои ҳамсоя аз афзоиши теъдоди гирифторон хабар доданд, дар Тоҷикистон омори беморон ҳафтаи сеюм аст, ки рӯ ба коҳиш аст.
Ахиран "Азия-Плюс" хабар дод, ки аз миёни муҳоҷирони тоҷик, ки аз марзи Қазоқистон оварда шуданд, 70 нафарашон ба коронавируси нав сироят ёфтаанд.
Дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон чораҳои эҳтиётӣ ба хотири коронавирус аз нав пурзӯр шуданд. Вале дар Тоҷикистон маҳдудияти хосе вуҷуд надорад. Танҳо рӯзи 4-уми июл бо ризояти президенти Тоҷикистон барои надоштани ниқоби тиббӣ, паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ ва нашри "ахбори носаҳеҳ" дар бораи коронавируси нав ҷазову ҷарима таъин шуд.
Матолиби бештарро дар бораи коронавируси нав дар Тоҷикистон дар ин ҷо бихонед