Дар Маскав собиқ хабарнигори нашрияҳои “Коммерсантъ” ва “Ведомости” Иван Сафронов бо иттиҳоми хиёнат ба давлат боздошт шуд. Дар ин бора Радио Свобода хабар медиҳад. Ӯ аз моҳи маи соли ҷорӣ дар мақоми мушовири раиси корпоратсияи Роскосмос Дмитрий Рогозин оид ба сиёсати иттилоотӣ кор мекард. Вале тавре кордиҳандааш ба вебсайти «Открытые медиа» гуфтааст, ин парванда ба Роскосмос рабте надорад. Оҷонсии РИА Новости аз қавли ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ) менависад, ки дар ин сохтор бовар доранд, ки Сафронов як хадамоти вижаи кишвари узви НАТОро бо маълумоти сиррӣ оид ба ҳамкориҳои Русия дар бахши низомиву фаннӣ, дифоӣ ва амниятӣ таъмин мекард. Феълан маълум нест, ки гап дар бораи кадом кишвар меравад. Инчунин мавқеи худи Сафронов ба ин қазия маълум нест.
Сафронов 30 сол дошта, дар гузашта хабарнигори “Коммерсантъ” буд. Падари ӯ шореҳи низомӣ Иван Сафронов соли 2007 даргузашт. Моҳи маи соли 2019 Сафронови хурдӣ баъди нашри мақола оид ба эҳтимоли тарки мақом кардани раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко аз кор дар нашрияи “Коммерсантъ” ронда шуд. Ин ҳолат дар редаксияи “Коммерсантъ” як бӯҳронро ба вуҷуд овард ва баъди ӯ тамоми кормандони шӯъбаи сиёсӣ ба истеъфо рафтанд. Июни соли 2019 ТАСС хабар дод, ки нисбати Сафронов барои матлабе дар “Коммерсантъ” парвандаи «эҳтимолан» маъмурӣ боз шудааст. Нашрияро мехостанд барои фош кардани маълумоти дорои хусусияти сиррӣ ба ҷавобгарӣ кашанд. Сабаби боз шудани парванда гуфта намешуд, вале дертар мақолае дар бораи он, ки бар асоси қарордод Миср соҳиби ҳавопаймоҳои ҷангии навъи Су-35 мешавад, аз вебсайти нашрия бардошта шуд. Баъди ин нашрияи The Bell навишт, ки котиби давлатии ИМА Майк Помпео ба Миср таҳдид кардааст, ки агар Қоҳира ба хариди ҳавопаймоҳои русӣ иқдом кунад, мавриди таҳрим қарор мегирад.
Раиси кулли “Коммерсантъ” Владимир Желонкин ба вебсайти «Открытые медиа» хабар дод, ки вақтҳои охир нашрия дар робита бо нашри хабар оид ба ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳеҷ мушкиле надошт. Ӯ гуфт, ки матни мақола наметавонад аз назари фош шудани сирри давлатӣ баррасӣ шавад.
Дар як соли гузашта Сафронов ҷузъиёти фоҷеаи киштии зериобии ҳастаии "Лошарик", тақдими махфии ҷоизаи Қаҳрамони Русия ба раҳбари Ростех Сергей Чемезов ва рӯй додани як ҳолати фавқулодда дар ҷараёни тамринҳои стратегии "Гром-2019"-ро хабар дода буд.
Моддаи “хиёнат ба давлат” то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.