Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи узбек Бахтиёр Каримро иҷборан карантин карданд


Бахтиёр Карим, яке аз ташаббускорони таъсиси ҳизби нави сотсиал-демократии "Адолат ва рушд" дар Узбекистон ва ҳамзамон сармуҳаррири нашрияи "Адабиёт" ба коронавирус мубтало шудааст.

Мубталошавии сармуҳарири 61-солаи "Адабиёт" ба коронавирус 3-юми июл, баъд аз як моҳи иҷборан фиристодани ӯ ба карантин тасдиқ шудааст. Дар ин бора худи рӯзноманигор ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ёдрас мешавем, Бахтиёр Каримро ҳамроҳи хонаводаш рӯзи 6-уми июн, баъди он ки маълум шуд ҳамкорони писараш ба коронавирус мубтало шуданд, иҷборан ба макони карантин дар деҳаи "Уртасарой"-и вилояти Тошканд бурданд. Дертар, баъди 11 рӯз ӯро аз хонаводааш ҷудо карда, ба беморхонаи касалиҳои пусти Тошканд бурданд, ки феълан ба макони карантин табдил дода шудааст.

Худи Бахтиёр Карим гуфта буд, бо ангезаҳои сиёсӣ дар карантини иҷборӣ қарор дорад ва нигарон аст, ки онҷо ба коронавирус мубтало хоҳад шуд. "Пештар гуфта будам, ки инҷо одами солим бемор мешавад. Давоми як моҳи карантин ман панҷ бор озмоиш супоридам. Ҳамаи натиҷаҳо, ба ҷуз аз озмоиши ахир манфӣ баромада буданд", - гуфт ӯ.

Бахтиёр Карим мегӯяд, яке аз ҳамоҳангсозони таъсиси ҳизби "Адолат ва рушд" дар Узбекистон мебошад ва гуфтугӯҳо дар робита ба масоили созмондиҳиро вай пеш мебарад. Яке аз ташаббускорони дигари таъсиси ҳизб бо номи Хидирназар Аллақулов ҳам рӯзи 26-уми июн гуфт, карантини иҷбории Бахтиёр Карим ба фаъолиятҳои сиёсияш рабт дорад.

XS
SM
MD
LG