Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷаммуи ҳомиёни ҳуқуқи Узбекистон бо талаби таҳқиқи марги корманди "UzAutoMotors"


Фаъолони Эътилофи ҳомии ҳуқуқи Узбекистон рӯзи 29-уми июн бо талаби таҳқиқи марги корманди корхонаи мошинсозии шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон таҷаммуеро баргузор карданд.

А.С., корманди 53-солаи корхонаи "UzAutoMotors" дар натиҷаи кафидани кӯррӯда ва сари вақт дарёфт накардани ёрии тиббӣ ҷон бохтааст. Ба гуфтаи ҳамкорону наздикони мард, ӯ даҳ рӯз пеш аз фавт ба корфармо аз дарди шикам шикоят карда, хостааст, вайро ҷавоб диҳанд. Вале ба ӯ иҷозат надодаанд, ки маҳалли корро тарк кунад.

Ба иттилои эътилоф, дар таҷаммуи 29-уми июн дар назди корхонаи мазкур, ки ду соат идома ёфт, ҳудуди 50 кас иштирок доштанд.

Раиси эътилоф Елена Урлаева мегӯяд, кормандони корхонаро маҷбур мекардаанд, ки дар шароити "ғайриинсонӣ" кор кунанд.

"Бо баъзе аз кормандон суҳбат кардам. Онҳоро дар корхона маҳкам карда, 15 шабонарӯз кор мефармудаанд. Бар асоси қонунгузории Узбекистон, корманд дар як рӯз бояд 7 соат кор кунад. Вале кормандони корхона аз 12 то 15 соат кор мекунанд. Дар натиҷа як мард ҷон бохт", - афзуд ӯ.

Талошҳо барои дарёфти назари масъулони ​"UzAutoMotors" дар робита ба ин қазия бенатиҷа буданд. Аз рафти таҷаммуъ видеое низ дар интернет нашр шудааст, ки нишон медиҳад иштирокдорон мегӯянд, раҳбарияти корхона коргаронро ҳамчун маҳбус кор мефармояд.

XS
SM
MD
LG