Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Бонки марказии Украина гуфт, “таҳти фишори сиёсӣ” ба истеъфо меравад


Яков Смолий, раиси Бонки марказии Украина
Яков Смолий, раиси Бонки марказии Украина

Яков Смолий, раиси Бонки марказии Украина гуфт, ки “бо сабаби фишорҳои доимии сиёсӣ, ки бо салоҳиятҳои кории ӯ дар ихтилоф аст”, аз мақомаш канор меравад. Смолий рӯзи 1 июл дар Твиттераш навишт, ки номаи истеъфояшро ба президент Владимир Зеленский таслим кардааст. Ӯ дар номааш гуфтааст, “бигузор ин як ҳушдор ба талошҳои баҳам задани истиқлолияти кори Бонки марказӣ бошад”. Дафтари Зеленский бо нашри изҳороте гуфт, ки мустақилияти кори Бонки марказии Украина дар авлавият қарор мегирад ва бонку ҳукумат бояд иҷрои сиёсати оқилонаи пуливу молиро идома бидиҳанд. Дар соли 2016 ҳам раҳбарияти пешини Бонки марказӣ шикоят кард, ки дар қазияи давлатикунонии PrivatBank таҳти фишор қарор гирифта буд.

Смолий соли 2018 ба вазифаи раиси Бонки марказии Украина таъин шуд ва дар ин муддат тавонист дар миёни сармоягузорону сохторҳои бонуфузи молӣ ба хотири поин овардани сатҳи таваррум мавриди эътибор қарор бигирад. Дархости истеъфои Смолий дар ҳоле ирсол шудааст, ки Украина интизор дорад нишондодҳои иқтисодиаш дар шароити пандемияи коронавирус имсол 5 % коҳиш ёбад. Агар Зеленский истеъфри Смолийро қабул кунад, ин метавонад Украинаро аз қарзи 5 миллиарддолларии Сандуқи байналмилалии асъор бенасиб гардонад. Ин барномаро, ки ҳадафаш кӯмак ба иқтисоди осебдида аз коронавирус аст, моҳи гузашта тасдиқ карданд.

XS
SM
MD
LG