Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин барандаи ҳамапурсӣ барои идомаи раҳбарии худ то соли 2036 шуд


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия барандаи ҳамапурсии тағйири Қонуни асосии ин кишвар шуд, ки заминаро барои боқӣ мондани ӯ дар қудрат то соли 2036 фароҳам меоварад.

Хабаругузории Олмон субҳи панҷшанбеи 2-юми июл ба нақл аз мақомоти Комиссияи марказии интихоботи Русия гузориш дод, ки бо шумориши 98 дарсади оро, ҳудуди 78 дарсади ширкаткунандагон ба тарафдорӣ аз тағйири Қонуни асосӣ раъй додаанд.

Ба ин тартиб оқои Путин ҳаққи ширкат дар ду давраи дигар аз интихоботи президентиро ба даст хоҳад овард ва метавонад 16 соли дигар дар ин мақом боқӣ бимонад.

Владимир Путин аз ду даҳа ба ин тараф дар мақомҳои раиси ҷумҳур ва нахуствазири Русия кор кардааст ва пас аз Йосиф Сталин дарозтарин давраи раҳбариро дар тамоми даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русия доштааст.

Ҳукумати Русия бо қуръакашӣ барои дарёфти манзили истиқоматӣ, таблиғи афзоиши нафақапулӣ ва мамнуияти издивоҷи ҳамҷинсгароҳо, талош кард мардумро ба раъйдиҳӣ ташвиқ кунад. Рӯзи чаҳоршанбе ҳамзамон бо охирин рӯзи назарсанҷӣ, ки бинобар маҳдудиятҳои марбут ба паҳншавии КОВИД-19 дар тули як ҳафта баргузор шуд, бо дастури Владимир Путин ба ҳама хонаводаҳое, ки дорои фарзанд ҳастанд, 10 ҳазор рубл (баробар ба 140 доллар) пардохт шуд.

Ба гуфтаи Комиисияи маркази интихобот, 60 дарсади афроди сабти номшуда дар раъйдиҳӣ ширкат карданд. Ҳади ақали мизони иштироккунандагон барои расмият ёфтани ин ҳамапурсӣ 50 дарсади муайяншуда буд ва ислоҳот низ дар сурати ба даст овардани ҳимояти аксарият (50 ба иловаи як) қабул мешавад.

Владимир Путин дар суханронии шаби гузашта ба таври мушаххас ба таъсири натиҷаҳои ҳамапурсӣ ба ҷойгоҳи худ дар қудрат ишора накард. Вале бо қабули ин ислоҳот ӯ пас аз поёни давраи феълии президентии худ дар соли 2024, метавонад дар ду интихоботи оянда ширкат кунад.

Оқои Путин мегӯяд, ҳанӯз дар мавриди нақши худ дар оянда тасмим нагирифтааст. Аммо бо ин ҳол мухолифони ӯ ба ин бовар ҳастанд, ки Путин дар интихоботи президентии баъдӣ ширкат мекунад. Тибқи назарсанҷие, ки аз сӯи муассисаи "Левада" анҷом шуд, мизони маҳбубияти Путин дар ҳоли ҳозир ҳудуди 60 дарсад аст.

Бо дарназардошти паҳншавии коронавирус дар Русия, мухолифони ҳукумат натавонистанд тазоҳурот кунанд, вале бо пахши аксҳо ва изҳороти танзомез дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ин назарсанҷӣ интиқод карданд.

Ҳизби коммунисти Русия, яке аз аҳзоби мухолифи ҳукумат аз тарафдорони худ хоста буд дар ин ҳамапурсӣ алайҳи ислоҳот раъй диҳанд ва аз нақзи муқаррарот ва қонуншиканиҳо дар ҷараёни раъйдиҳӣ низ интиқод кард.

Геннадий Зюганов, раҳбари и ҳизб гуфт, мардуми Русия бояд бо диққат дар мавриди идомаи сиёсатҳои Путин, ки боиси бад шудани вазъи иқтисодии кишвар шуд, тасмим бигиранд.

Путин таъкид карда буд, ки хостори баргузории як раъйгирии шаффоф ва бидуни тақаллуб аст ва масъулони Комиссияи марказии интихоботи Русия низ гуфта буданд, ки раъйдиҳӣ бидуни қонуншиканӣ баргузор хоҳад шуд.

Аммо "Голос" -- як ниҳоди ғайридавлатии нозир дар раванди интихобот эълом кардааст, ки наметавон машруияти ин ҳамапурсиро таъйид кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG