Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи COVID-19 дар Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон дар бекор кардани маҳдудиятҳо саросема шуд?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки шумори гирифторон ба бемории COVID-19 дар кишвар қариб ба 6 ҳазор нафар расидааст. Аз замони эълони расмии ҳукумат дар бораи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон ду моҳ мегузарад ва мақомот гуфтанд, ин беморӣ дар кишвар то ин дам 52 қурбонӣ доштааст. Аммо бар асоси як тадқиқоти Радиои Озодӣ шумораи қурбониён эҳтимолан бештар аз омори расмист.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 30-юми июн теъдоди афроди сироятёфта ба коронавируси дар кишварро 5954 нафар эълон кард. Мақомот гуфтанд, дар шабонарӯзи гузашта 54 ҳолати нави сироятёбиро сабт кардаанд.

Аз рӯи омори Вазорати тандурустӣ гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон аз рӯзи 9-уми июн ба баъд коҳиш ёфта истодааст. Ҳарчанд дар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон аз ҷумла Қирғизистон ва Қазоқистон баръакс омори гирифторон то рафт зиёд мешавад.

Қазоқистон

Алексей Тсой, вазири тандурустии Қазоқистон рӯзи гузашта гуфт, аз 10-уми июн ба тараф шумори гирифторони вируси корона дар кишвар рӯ ба афзоиш дорад. Вазири тандурустии Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус таътили чаҳорҳафтаӣ эълом шавад.

Вазир гуфт, дар сурати эълон нашудани таътили мазкур, мумкин аст, шумори гирифторони COVID-19 дар Қазоқистон ба якборагӣ афзоиш ёбад. Дар Қазоқистон то имрӯз наздики 40 ҳазор кас ба вируси корона мубтало шуда, 188 нафар фавтидаанд.

Узбекистон

Дар Узбекистон ҳам бар асоси қарори Комисияи ҷумҳуриявии дар умури мубориза бо коронавирус, сар аз 1-уми июл маҳдудиятҳои марбут ба карантин шадидтар мешавад.

Аз ҷумла бозорҳои фурӯши сару либос ва маҷмааҳои тиҷорӣ рӯзҳои шанбеву якшанбе баста хоҳанд шуд. Сокинон вазифадор мегарданд, ки дар маконҳои иҷтимоӣ фосилаи 2-метриро риоя ва ниқоб пӯшанд.

Нақлиёти ҷамъиятӣ ҳам гирифтани мусофиронро камтар мекунанд. Дар даромадгоҳҳои марказҳои савдо ниқоби ройгон тақсим карда хоҳад шуд. Дар ноҳия ва шаҳрҳое, ки сатҳи гирифторӣ ба коронавирус дар ҳоли афзоиш аст, ҷамъшавии одамон бештар аз 3 нафар манъ мегардад.

Касоне, ки ин чораҳоро риоя намекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешаванд. Дар Узбекистон расман 8 ҳазору 298 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст. Аз ин шумор 24 кас фавтидааст.

Қирғизистон

Дар Қирғизистон ҳам вазъияти вобаста ба коронавирус рӯз аз рӯз бадтар мешавад ва ин кишвар шабонарӯзи гузашта шумори рекордии фавтидаҳоро сабт кард. Дар 24 соати гузашта дар Қирғизистон 7 нафар аз бемории COVID-19 ҷон бохтанд.

Шумори умумии сироятёфтагон ба коронавируси нав дар Қирғизистон 5296 ва теъдоди қурбониён 57 нафар мебошад.

Баръакси кишварҳои ҳамсоя, ки чораҳои беҳдоштӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирусро сахтар карданд, Тоҷикистон маҳдудиятҳоро марҳила ба марҳила бекор мекунад.

Сар аз рӯзи 15-уми июн ба даҳҳо кошонаи ҳусну сартарошхона, нуқтаҳои фурӯши телефон ва бозорҳои либос иҷозаи фаъолият доданд. Кори ин бозору марказҳои хидматрасонӣ ​аз охири моҳи апрел ба далели паҳншавии бемории COVID-19 мутаваққиф шуда буд. Ҳудуди 10 200 тоҷири бозори "Корвон" аз калонтарин маконҳои савдо дар Тоҷикистон ҳам дубора ба кори худ шуруъ карданд.​

Дар пасманзари афзоиши пандемияи коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя интиқодҳое ҳам садо дод, ки мақомоти Тоҷикистон дар коҳиши маҳдудиятҳо саросема шудаанд.

Бархе аз мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон мегӯянд, кишвар нуқтаи авҷи пандемияро паси сар кардааст. Ҳарчанд намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфта буд, ки ҳанӯз авҷи беморӣ паси сар нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG