Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон пӯшидани ниқобро дар дохили биноҳо иҷборӣ мекунад


Теҳрон, 16-уми июни соли 2020
Теҳрон, 16-уми июни соли 2020

Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон кард, ки пӯшидани ниқоби тиббиро дар ҷамъомадҳои дохили биноҳо иҷборӣ мекунад.

Рӯзи 27-уми июн дар Эрон 144 нафар аз бемории COVID-19 ҷон бохтанд. Ин баландтарин рақам дар се моҳи охир аст.

Дар пайи ин ҳодиса рӯзи якшанбе президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ гуфт, ба вилоятҳое, ки ҳодисаҳои сирояти COVID-19 зиёд аст, иҷозат дода мешавад, маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро барқарор кунанд.

Рӯҳонӣ афзуд, пӯшидани ниқоб то 22-юми июл побарҷо хоҳад буд.

Дар моҳи март ҳамзамон бо сирояти коронавирус Эрон фаъолияти баъзе аз корхонаҳо ва таълим дар мактабҳоро мутавақиф намуда, ҷамъомадҳои мардумиро манъ кард.

Баъдан дар моҳи апрел рафъи тадриҷии маҳдудиятҳо оғоз ёфт. Эрон кӯшиш дорад, иқтисодашро, ки зери фишори таҳримҳои байналмилалӣ қарор дорад, дар шакли комил ба ҳаракат дарорад.

XS
SM
MD
LG