Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди мусаллаҳ дар Калифорния 2 касро кушт ва 4 касро захмӣ кард


Акс аз бойгонӣ

Дар тирандозӣ дар аёлати Калифорнияи Амрико ду кас куштаву дастикам чаҳор нафари дигар захмӣ шуданд. Тирпарронӣ 27-уми июн дар фурӯшгоҳи Волмарт рӯй дод.

Кормандони ҳолатҳои фавқулода, ки ба ҷойи ҳодиса фиристода шудаанд, ба расонаҳо гуфтанд, марди ҳамлавар бо силоҳ муҷаҳҳаз буд.

Шахси гумонбар захмӣ аст ва ба шифохона бурда шудааст.

Ҳангоми ҳодиса дар бино ҳудуди 200 нафар ҳузур доштанд.

XS
SM
MD
LG