Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амонулло Қодиров, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон даргузашт


Амонулло Қодиров. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Амонулло Қодиров. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Амонулло Қодиров, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, субҳи 28-уми июн дар 75-солагӣ даргузашт.

Вай хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Маскав буда, зиёда аз сӣ сол дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе кор кардааст.

Амонулло Қодиров дар намоишномаҳои театрии "Дон Жуан", "Умри ҷовид", "Якпула савдо, садпула ғавғо", "Робиаи Балхӣ", "Тобистони гузашта дар Чулим" ва филмҳои "Субҳи Ганг", "Достони Сиёвуш", "Ҳафт арӯси дуздидашуда", "Хоби хирси сафед" ва ғайра нақшҳои намоён офаридааст.

Дар китоби "Арбобони фарҳанги тоҷик" навиштаанд, "ӯ дар ҳаҷв доди ҳунарро медиҳад". Нурулло Абдуллоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, 28-уми июн дар Фейсбук навишт, ​"ҳеч гоҳ дар ягон вазифаи маъмурӣ кор накарданд, вале меҳваре буданд, ки дар атрофашон ҳаёти театрии кишвар давр мезад."

XS
SM
MD
LG