Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе гирдиҳамоӣ ва ҳунарнамоӣ. Рӯзи Ваҳдати Миллӣ имсол хоксорона таҷлил шуд


Акс аз овезае ба муносибати "Рӯзи ваҳдати миллӣ"

Ба фарқ аз гузашта Рӯзи Ваҳдати Миллӣ, ки ҳар сол 27 июн таҷлил мешуд, имсол бо гирдиҳмоӣ ва тантан ҷашн гирифта нашуд. То ин вақт ҳар сол садҳо нафар ба раҳпаймоӣ ва намоиши умумӣ ҷалб карда мешуданд ва ҳунармандон дар майдон ва варзишгоҳҳо консерт намоиш медоданд. Имсол бо сабаби эҳтиёт аз густариши бемории коронавирус ин ҷашн ба таври дастаҷамъӣ баргузор нагашт.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон рӯзи 26 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол бинобар пешгирӣ аз паҳншавии касалии коронавирус чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ гузаронида намешавад. Ӯ афзуд, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардумро тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва дигар расонаҳои хабарӣ табрик кард.

Раҳбари Тоҷикистон соли гузашта дар ҷашне ба муносибати Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар минтақаи Рашт гуфта буд, ки соли 2020 ҷашни аслӣ дар ноҳияи Мастчоҳ сурат хоҳад гирифт. Ҳоло маълум гашт, ки ин барнома мавқуф гузошт шудааст ва барномаи расмии “Рӯзи ваҳдати миллӣ” бо паёми шодбошии президент дар шоми 26 июн маҳдуд гашт.

Нигора, донишҷӯи соли чорум дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин соли аввал аст, ки панҷ-шаш моҳи умраш дар “маршировка” нагузашт. Ӯ мегӯяд, аз соли аввали донишҷӯӣ ҳамасола чанд моҳро барои омодагӣ барои ҷашни “Рӯзи Истиқлол”, “Рӯзи Парчам”, “Рӯзи қабули Сарқонун”, Ҷашни Наврӯз ва “Рӯзи Ваҳдати Миллӣ” мегузарониданд.

Маъмулан, дар ин ҷашнҳо дар майдонҳои бузург донишҷӯёну хонандагон бо либосҳои мухталиф ҳангоми суруд хондани сарояндагон мерақсанд ва ё бо ҳаракати худ саҳнаеро иҷро мекунанд.

Нигора мегӯяд, ба ҳадде ширкат дар ин ҷашнҳоро барояшон талқин шудааст, ки фикр мекарданд, ҷузъе аз барномаи таҳсил аст.

“Дар Наврӯз ҳам моро номнавис карда буданд, ки бояд ба маршировка равед, ки коронавирус пайдо шуд. Худоро шукр, ки моро ҷавоб доданд. Пайдо шудани коронавирус нишон дод, ки бе ҳамин хел ҷашнҳои пурхарҷу пурташвиш мешавад зиндагӣ кард. Кошкӣ, бо ҳамин баҳона дигар чунин ҷашнҳо барҳам дода шаванд”,- гуфт Нигора.

Ҳарчанд, соли гузашта дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон Наврӯзро дастаҷамъӣ ҷашн нагирифтанд, вале он дар Хуҷанд бо ширкати мардум ва президент баргузор шуд. Мақомоти Тоҷикистонро барои ба эътибор нагирифтани тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва баргузории ҷашни Наврӯз бо иштироки ҳазорҳо нафар дар шимоли кишвар танқид карда буданд.

Аммо зоҳиран, ҳукумат аз таҷлили дастаҷамъии ин ҷашн даст кашиданӣ нест. Баъзе аз манобеъ дар ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ гуфтанд, ҷашни Ваҳдат танҳо мавқуф гузошта шудааст. "Ба хотири пешгирӣ аз коронавирус ҷашни асосӣ ба тирамоҳ гузошта шудааст. Ҳамчунин, сохтмони баъзе аз биноҳо ҳанӯз идома дорад", - гуфт ин манбаъ, ки нахост, аз ӯ ном бурда шавад ва афзуд, "сохтмони Қасри фарҳанг, майдони Парчами давлатӣ ва қасри варзиши "Паҳлавонони Суғд" ба итмом нарасидааст. Ин биноҳои асосӣ ҳастанд, ки пеш аз рӯзи ҷашни Ваҳдат бояд ба истифода дода шаванд."

27-уми июн ҳамчун “Рӯзи Ваҳдати Миллӣ” расман истироҳат аст. Дар ин рӯз дар соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав имзо шуд, ки ба ҷанги панҷсола дар кишвар хотима гузошт. Дар ҳоле ки ҳизби акнун мамнуи Наҳзати Ислом худро тарафи сулҳ мешуморад ва мегӯяд, бо ангезаҳои сиёсӣ аз раванди ваҳдати миллӣ берун афканда шудааст, ҳукумати Тоҷикистон бар ин аст, ки дар соли 1997 на бо ин ҳизб, балки Итиҳоди мухолифони тоҷик сулҳ бастааст.

Бар пояи санади сулҳ, Иттиҳоди мухолифони тоҷик аз Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва созмони “Лаъли Бадахшон” иборат буд. Русия, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон Покистон Қирғизистон ва Туркманистон кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон буданд.

Дар 5 соли ҷангӣ шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бино бар омори расмӣ 150 ҳазор кас кушта, 1 миллион нафар гуреза, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор зан бесаробон монданд. Бинобар ҳисобҳои расмӣ ҷанг ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллар зиён расид ва рушди мамлакатро як даҳсола ба ақиб андохт. Ҳукумати президент Эмомалӣ Раҳмон тавонист, дар Тоҷикистон сулҳу амниятро барқарор кунад ва суботро ҳифз.

Шарҳҳоро бинед (9)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG