Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар рӯзи аввали раъйдиҳии конститутсонӣ дар Русия 9,2% иштирок карданд


Дар Калининград чунин хаймаҳои овоздиҳии сайёр гузошта шудааст. 26 июни соли 2020
Дар Калининград чунин хаймаҳои овоздиҳии сайёр гузошта шудааст. 26 июни соли 2020

Мақомоти комиссиюни марказии интихоботҳои Русия гуфтанд, ки дар рӯзи аввали овоздиҳӣ барои тағйири конститутсия, ки ба президент Владимир Путин 12 соли дигари ҳақи президентӣ медиҳад, 9 %-и раъйдиҳандагон иштирок карданд. Рӯзи 26 июн ин ниҳод гуфт, ки дар як рӯзи аввали овоздиҳии якҳафтаина беш аз 10 миллион нафар овоз доданд. Дар бархе манотиқ ҳузури овоздиҳандагон фавқулодда зиёд гуфта шуд. Масалан дар Нижний Новгород мақомот гуфтанд, ки дар рӯзи аввали референдум 52,8 дарсад ваё 618,200 нафар ширкат карданд.

Дар ҳоле, ки дар тарҳи тағйрот дар бораи даҳҳо мавриди дигар кардани қонун ёд мешавад, мунаққидон мегӯянд, ки дар асл тағйироти асосӣ тамдиди мӯҳлати Путин дар қудрат то соли 2036 мебошад.

XS
SM
MD
LG