ИМА қарори додгоҳи Эронро, ки се ширкатдори намоишҳои зиддиҳукуматии соли гузаштаро ба қатл маҳкум кардааст, интиқод кард. Амирҳусайн Муродӣ, Саид Тамҷидӣ ва Муҳаммад Раҷабӣ моҳи феврал бо иттиҳоми сӯхторе дар ҷараёни эътирозҳои ноябри порсол ба марг маҳкум шуданд. Сухангӯи департаменти давлатӣ Морган Ортагус дар твиттераш рӯзи 26 июн гуфт, ки ин нафарон ба вакили дифоъ дастрасӣ надоштанд ва эътирофҳои дурӯғин доданд. Ортагус гуфт: “Эрон бояд ба ҳуқуқи башар эҳтиром қоил шавад ва иҷрои ҳукмҳои қатлро бекор кунад”. Баъди содир шудани ҳукми қатли ин се нафар, созмони Amnesty International рӯзи 28 феврал гуфт, ки “онҳо дар ҷараёни тафтишот аз дастрасӣ ба вакили дифоъ маҳрум буданд. Ва гуфтанд, ки шиканҷа шуданд”. Ин созмон гуфт, “Муродӣ нақл кард, ки ӯро ба додани “баёнот” тавассути телевизиони давлатӣ маҷбур карда онро баъдан дар парвандааш ҳамчун далел истифода намуданд”. Рӯзи 25 июн ду созмони дигари ҳомии ҳуқуқ гуфт, ки дар солҳои 2009 то 2019 телевизиони давлатӣ 355 баёноти шахсиятҳоеро нашр кард, ки дар содир кардани ҷиноят иқрор мешаванд. Гузориш мегӯяд, ки ин нафарон зери фишори додситонҳову аз рӯи раҳнамоиҳои кормандони телевизиони давлатӣ ба додани чунин баёнот маҷбур шудаанд.