Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвили нақл кард, Туркманбошӣ чи гуна вазиронашро таҳқир мекард


Сафармурод Ниёзов, президенти пешини Туркманистон.
Сафармурод Ниёзов, президенти пешини Туркманистон.

Михаил Саакашвилӣ, президенти пешини Гурҷистон нақл кард, ки роҳбари пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов дар як ҷаласаи кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар ҳузури дигарон вазиронашро чи гуна таҳқир карда буд.

Саакашвилӣ, ки айни ҳол раисии кумитаи иҷроияи Шӯрои миллии ислоҳоти Украинаро бар дӯш дорад, таҳқири вазирони туркманро дар мусоҳибаи рӯзноманигор Дмитрий Гордон ёдовар шуд.

Вай гуфт, дар ҷаласаи ИДМ Ниёзов вазиронашро маҷбур карда буд, ки чорпо биистанд ва "мисли саг" ба онҳо қанд дода буд.

Ба суоли рӯзноманигор дар бораи ин ки оё Саакашвилӣ бо Туркманбошӣ - Сафармурод Ниёзов гуфтугӯ дошт, посух дод:

"Бо президенти пешин (Сафармурод Ниёзов) ҳодисае рух дода буд дар ҷаласаи ИДМ, вай вазиронашро маҷбур кард, ки чаҳорпоя биистанд ва онҳоро мисли саг қанд дод. Ин хеле риққатовар буд. Баъди ҳамон ҳолат вай дере нагузашта вафот кард, ман ба маросими дафн рафта будам, яъне на ба маросими дафн, балки ба маросими савгандхӯрии президенти нав рафта будам", - гуфт Саакашвилӣ.

Мусоҳибаи Гордон бо Саакашвилӣ рӯзи 24 июн дар YouTube нашр шуд. Михаил Саакашвилӣ соли 2003 дар пайи инқилоби мардумӣ сари қудрат омад ва то соли 2013 Гурҷистонро идора кард.

XS
SM
MD
LG