Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз Путин. Иштирокчиёни асосии Иди Ғалаба аз чӣ хоҳанд гуфт?


Чорабинии бахшида ба Иди Ғалаба дар Маскав. 24-уми июни 2020
Чорабинии бахшида ба Иди Ғалаба дар Маскав. 24-уми июни 2020

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Шабакаҳои телевизионии Русия мисли Тоҷикистон қабули сарварони кишварҳо дар фурудгоҳ ва маросими пас аз онро аз ибтидо то интиҳо нишон намедиҳанд. Аз ин нуқтаи назар, хулоса кардан душвор аст, ки дирӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Русия бо чӣ кайфият ва рӯҳия вориди Маскав гардид.

Дуруст, тақрибан иқдомоте аз Маскав то ин замон набудааст, ки Душанбе ба даъват дар он посухи рад дода бошад. Танҳо чанд маротиба ба маъракаҳои доиршуда дар Русия аввал хомӯш монданд, вале баъд ҳатман ширкат намуданд.

Рӯзи 24-уми июн дар гузашт (парад)-и низомии Майдони сурх Эмомалӣ Раҳмон пас аз Путин ворид гардид. Инро дар доираҳои хабарӣ - таҳлилии кишварҳое мисли Тоҷикистон паёми бисёр муҳим арзёбӣ мекунанд.

Ин ҳам шояд муҳим гирифта намешавад, ки дар ин маърака на ҳамаи меҳмонҳои олиқадру муҳими интизордоштаи Кремл ширкат доштанд.

Воқеан, Путин барои баргузории ин гузашти низомӣ омодагии ҷиддӣ дошт. Аммо ба назар мерасад, ки бӯҳрони COVID-19 дар ҳақиқат ба барномаҳои ӯ халал расониданд, ё баҳонае гаштанд, ки ниятҳои президенти русро барбод диҳанд. Ба ҳар сурат, ҳоло таҳлилгароне пайдо шудаанд, ки мегӯянд имиҷи Путин дар дунё он қадар поин рафтааст, ки дар маъракаҳои муҳимаш чеҳраҳои ҷиддиву таъсиргузори сиёсӣ иштирок намекунанд.

Дар робита ба гузашти муваффақонаи низомӣ бахшида ба Иди ғалаба таҳлилгарон фақат аз таҷлили 65-солагии он ба хотир меоранд, ки 10 сол қабл сурат гирифта буд. Он замон дар баробари намояндаҳои низомии рус ва кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчунин ҳарбиёни амрикоӣ, бритониёӣ, фаронсавӣ, лаҳистонӣ аз майдон гузаштанд. Бритониёиҳо бори аввал буд, ки дар чунин маърака иштирок мекарданд.

Соли 2010 ба Маскав ҳамчунин сарварони кишварҳои таъсиргузори ҷаҳон, аз ҷумла канслери Олмон Ангела Маркел, сарвари Чин Ху Ҷинтао, иҷрокунандаи вазифаи президенти Лаҳистон (Полша) Бронислав Коморовский ва дигарон рафт.анд. Сарварии расмии Русияро он замон Дмитрий Медведев ба ӯҳда дошт.

Панҷ сол пас, ки Путин аз нав роҳбарии расмиро ба зимма гирифт, ҳангоми таҷлили Иди Ғалаба дар паҳлӯяш пешвои чинӣ Си Ҷинпин, дабири кулли СММ Пан Ги Мун, мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова, раҳбарони кишварҳои Муғулистон, Венесуэла, Сербия ва албатта мамолики пасошӯравиро медид. Канслери Олмон Ангела Меркел, ҳарчанд дар чорабиниҳо иштирок накард, рӯзи пас аз ин маърака ба Маскав омаду дар назди ҳайкали Аскари Номаълум гулчанбар ва якбора ба чанд созишномаи муҳим имзо гузошт.

Вале дар гузашти низомии 70-солагии Ғалаба акнун низомиёни НАТО сафороӣ надоштанд. Танҳо ҳарбиёни озарӣ, арманӣ, чинӣ ва ҳинду буданд, ки майдонро пур карданд.

Имрӯз ҳам гузашти низомӣ бо иштироки намояндагони 17 кишвар сурат гирифт: Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Молдавия, Муғулистон, Сербистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон.

Аз раҳбарони кишварҳо танҳо президенти Белорус - Александр Лукашенко, Қазоқистон - Қосимҷомарт Тоқаев, Узбекистон - Шавкат Мирзиёев, Молдавия - Игор Додон, Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, Сербистон - Александр Вучич ва аъзои сербии раёсати Босния ва Ҳерзоговина - Милорад Додик, минтақаҳои худмухтори Осетияи Ҷанубӣ - Анатолий Бибилов ва Абхозистон - Аслан Бжания, дар маҷмӯъ 10 нафар бо ширкати худ Путинро аз ҳолати ногувор бароварданд. Ин теъдодро як нафар бояд кам кард, чун президенти Қирғизистон ба Маскав рафта бошад ҳам, дар охир ба чорабиниҳои асосӣ раҳ наёфт: ҳамроҳонаш коронавирус доштаанд!

Доналд Трамп ҳанӯз соли гузашта ба Путин посух дод, ки дар ин маърака мехоҳад иштирок намояд, аммо он ба замони авҷи маъракаи интихоботиаш мувофиқ меояд. Он вақт бӯҳрони коронавирус, ки имрӯз хелеҳо сабаби иштирок накарданашонро ба он нисбат доданд, дар фикри касе набуд. Роҳбари Арманистон ва пешвои асосии қазоқҳо Назарбоев тибқи хабарҳо ба коронавирус гирифтор шудаанд, вагарна ваъда дода буданд, ки ба Маскав хоҳанд рафт. Президенти нави Украина – Зеленскийро шояд ҳадафмандона ба маърака даъват накарданд.

Дар ин миён онҳое ҳам буданд, ки ба даъвати Кремл посухи ҳади ақал ноҷиддӣ доданд, агар хандадор нагӯем. Масалан Зоран Миланович – Президенти Хорватия “сабаби техникӣ” доштааст: “ҳавопаймо вайрон шудааст”.

Президенти туркман Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов 29-уми июн ба синни пайғамбарӣ мерасад ва таври маълум “онро тамоми туркманҳо таҷлил хоҳанд кард”. Оре, то он рӯз фурсат дошт, фақат президент пас аз сафари хориҷиаш ҳамчун як шаҳрванди қонунпараст мебоист ду ҳафта дар карантин меистод ва туркманҳо аз як “ҷашни муҳим” маҳрум мешуданд. Дар кишваре, ки мегӯяд коронавирус умуман вуҷуд надорад. Бердимуҳаммадов, ки ҳунари шоириву сарояндагӣ ҳам дорад, шояд барои малол накардани табъи Путин имрӯз як шеъру суруди навро бахшида ба ин ҷашн замзама кард.

Ҳарчанд гуфтан душвор аст, ки президенти русро дар чунин лаҳзаҳои муҳим бо чунин иқдомҳо хурсанд кардан имкон дорад. Интизориҳои ӯ хеле дигаргуна буданд. Барои ҳамин ҳатто дар шароити бӯҳрони COVID-19 баргузории онро барномарезӣ намуд. Баргузор намуданаш дар таърихи 24 июн – рӯзи аввалин паради Ғалаба дар соли 1945 як вариант буд. Санаҳои дигар – 2 сентябр – рӯзи анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон ва 7 ноябр ҳам вобаста аз вазъи бӯҳронӣ дар нақша буд.

Дина – 23 июн бори дигар бо муроҷиатномае ба мардум дар бораи вазъи вобаста ба коронавирус дар Русия сӯҳбат кард ва ба гунае суханронӣ намуд, ки онҳо ба болои ин вабо ғолиб омадаанд. Имрӯз дар қатори дигарон табибони русро ҳам бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намуд. Мешавад гуфт инро ба сифати ғалабаи нахустини худ муаррифӣ кардан хост.

Аммо дар бораи Ғалаба ва чорабиниҳои вобаста ба он Путин бардоштҳои ҷиддитар дорад. Чанд рӯз пеш ӯ дар як маҷаллаи амрикоӣ таҳти унвони “Сабақҳои воқеии таҷлили 75 – солагии Ҷанги дуюми ҷаҳон” матлабе нашр кард. Дар он нақл кард, ки ҳангоми блокадаи Ленинград бародараш Виктор фавтид, падараш, ки аз ҷанг озод буд, ба муҳофизати шаҳр бархосту захмӣ гардид. Сабабҳои аслии сар задани ҷангро ба худпарастии давлатӣ, тарс, қаноат аз нерӯи шаклгирифтаи таҷовузкор ва хоҳиши музокира надоштани элитаҳои сиёсӣ нисбат дод.

Ҳамроҳшавии кишварҳои Назди Балтик ба СССР -ро “хоҳиши худи онҳо” зикр намуд. Иддао дар ин бораро, ки гӯё шӯравӣ қасди ҳамла ба Олмонро доштааст, бепоя хонд. Гуфт кишварҳоро зарур аст, ки бойгониҳои то ва баъди ҷангро расонаӣ намоянд. Пешниҳод намуд, ки дар нишасти панҷгонаи СММ мавзӯи талаботи умумӣ барои масоили ҷаҳонӣ ва пайомади COVID-19 баррасӣ шавад.

Аз ҳама ҷолиб ин буд, ки Путин гуфт, аксари интиқодот нисбати сиёсати Сталин аз рӯи адолатанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки худи Путинро дар Ғарб ба унвони як диктатори на кам аз Сталин муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд гузашти низомии Ғалабаро маҳз ба он хотир пеш аз раъйпурсии пешорӯи ислоҳоти Қонуни асосӣ анҷом дод, ки барои ин маъракаи сиёсӣ замина гузорад. Ба раъйпурсие, ки на танҳо дар кишварҳои ғарбӣ, балки дохили Русия ҳам назарҳо яксон нестанд. Аз ҷумла, дирӯз дар Санкт – Петербург гирдиҳамоӣ сурат гирифт ва мардум ошкор гуфтанд, ки “Путин бирав”! Бархе мухолифон бошад, чун ба онҳо иҷозаи гирдиҳамоӣ надоданд, бозичаҳоро ба сифати эътироз дар майдонҳо гузоштанд.

Гуфта мешавад Путин як давраи бисёр ҳассос ва душвореро паси сар мекунад. Аз ҳамин нуқтаи назар, дар ин гузашти низомӣ на танҳо бояд иқтидори ҳарбии кишварашро муаррифӣ мекард, балки бояд дар назди мардуми худ ва беруни он ҳамоно як чеҳраи қавӣ буданашро исбот менамуд.

Ба гумони ғолиб чунин нашуд ва дар ин маърака, ҳамон тавре матбуоти Ғарб менависад, бештар онҳое иштирок намуданд, ки худ ба мушкил гирифторанд.

Масалан Лукашенко, ки пеш аз сафар ба Маскав рақибони аслии худро дар интихоботи пешорӯ боздошт намуд, ҳоло ҳам гуфтан мумкин нест, ки мушкилоти худро батамом ҳал кардааст. Ҳарчанд ӯ иддао дошт, ки “манбаи илҳоми” мухолифонаш дар Кремл истодаанд, ҳоло бо писаронаш ба Русия рафт. Шояд ба гунае ба Путин маънӣ ва паём доданист, ки ҳарду дар як ҳолат ва як мавқеи усулӣ қарор доранд: ҳифзи қудрат ва меросӣ кардани он!

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков, ки низ пас аз мурофиаи судии дирӯзаи Атамбоев – президенти собиқи ин кишвар ва 11 сол ба маҳбас фиристодани ӯ, ба Маскав расид, аммо ноумед шуд. Тавре гуфтем, дар ҳамроҳонаш коронавирус пайдо кардаанд ва ӯро аз маъракаҳои асосӣ дур андохтанд. Ҷолиб аст: пеш аз сафар онҳо аз тест дар Бишкек гузашта буданд ва чизе дар вуҷудашон пайдо нашуда буд. Пас шояд гап сари вируси сиёсист? Ба ҳар сурат, Атамбоев ҳам барои Кремл он қадар чеҳраи бегона нест.

Эмомалӣ Раҳмон бо Путин, ҳамон тавре мубаллиғон мегӯянд, мушкили ҷиддие надорад. Ин дар сатҳи овоза аст, ки мегӯянд президенти рус аз тасмими Раҳмон дар бораи ворис намудани писараш чандон хушоянд нест. Мавзӯи ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАЗэС) бошад, ҳамоно “мавриди омӯзиш аст”. Хеле шуд...

Қазоқистонро, ҳарчанд ҳарфҳои чанд рӯз пеши Путин дар як мусоҳибаи телевизиониаш, ки гуфт кишварҳои пасошӯравӣ бояд бо ҳамон меросе аз СССР ҷудо мешуданд, ки омада буданд, шояд хавотир карда бошад. Аммо, ба ҳар сурат, президенти феълии онҳо дипломат аст ва шояд хеле нозук норозигӣ баён мекунад. Назарбоев, ки якбора коронавирус шудани худро эҳсос кард, агар меомад, мумкин масъала дигар мешуд. Ин ки пешвои қазоқҳо духтари худро аз мансаби дуюми расмии кишвараш барканор намуд, хеле гузашт аст...

Бо Узбекистон мушкили хосе дар миён нест. Аз ҷумла, дар ин бора дар сӯҳбати дирӯзаи Мирзиёев ва Путин ишора гардид...

Дар назардошт бо ҳамаи ин, мешавад гуфт, ки имшаб 10 президенти ҷамъшуда дар Маскав мавзӯъҳои ҷиддиву ҷолиб барои сӯҳбат доранд. Ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки онҳо дар як масъала ҳамфикранд: агар бархӯрде дар маҳдудаи кишварҳои пасошӯравӣ пеш ояд, аз Русия сар мезанад, ки 1 июл райъпурсӣ дорад.

Интихоботи президентии Белорус 9 август ва аз Тоҷикистон 6 ноябр дар назар аст. Агар маъракаи сиёсии Путин муваффақона ва ҳамон тавре ӯ мехоҳад, анҷом гирад, сари интихоботҳои дигар метавонанд баъдтар хулоса кунанд.

Пас гуфтан мумкин, ки маъракаи гузашти низомии Ғалаба, агар хостаҳои стретегии Путинро бароварда накард, барои гаштҳои тактикӣ имкон фароҳам овард.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG