Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Баъди боз шудани марзҳои ИА ба шаҳрвандони ИМА ва Русия иҷозаи вуруд дода намешавад


Порае аз парчами Иттиҳоди Аврупо
Порае аз парчами Иттиҳоди Аврупо

Нашрияи амрикоии The New York Times гуфт, баъди боз шудани марзҳо бо кишварҳои беруна, имкони муваққатан баста шудани марз барои шаҳрвандони ИМА, Бразилия ва Русия вуҷуд дорад. Нашрия ин хабарро бо такя ба як тарҳ ё сиёҳнависи қарори нави Комиссиюни Аврупо чоп кардааст. Феҳристи чунин кишварҳо бар асоси иттилоъ дар заминаи мизони олудагӣ ба COVID-19 дар таносуб ба 100 ҳазор аҳолӣ тартиб дода мешавад. Дар худи Иттиҳоди Аврупо ин нишондод ба ҳисоби миёна 16 ҳодисаро ташкил медиҳад, дар Русия таносуб – 80, дар ИМА – 107 ва дар Бразилия 190 нафар будааст.

Як манбаи хабаргузории Reuters дар маҳфилҳои дипломатӣ хабар дод, ки то кунун ризоияти ниҳоӣ дар ин замина ба даст наомадааст. Вале таъкид мешавад, ки таъини маҳдудият бар пояи дурустии иттилоъ ва ҳам шумори тестҳои анҷомшаванда дар кишварҳо сурат хоҳад гирифт. Дар Иттиҳоди Аврупо баъди паҳн шудани коронавирус миёнаҳои моҳи март марзҳо баста ва бозкушоии сарҳадҳо аз 1 июл ба таври тадриҷӣ шурӯъ хоҳад шуд. То он замон марзҳо барои шаҳрвандони ғайриаврупоӣ баста мемонад.

Аз 1 июл Иттиҳоди Аврупо ба он гурӯҳи меҳмонҳои хориҷӣ имкони ворид шудан ба қаламравашро фароҳам мекунад, ки бо далелҳои корӣ мехоҳанд ба Аврупо биёянд. Инҳо – донишҷӯён, кормандони баландихтисос ҳастанд, вале барои туристҳо ин имконият дода намешавад.

XS
SM
MD
LG