Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо далели ду тести мусбати коронавирус дар ҳайати Қирғизистон, Ҷеенбеков дар паради Маскав ширкат накард


Рӯзи 24 июн президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо ҳайати ҳукуматӣ дар Маскав фуруд омад
Рӯзи 24 июн президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо ҳайати ҳукуматӣ дар Маскав фуруд омад

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ва ҳамроҳонаш ба карантин мераванд. Сухангӯи президент Толгонай Стамалиева ин хабарро рӯзи 24 июн ва баъди он нашр кард, ки бо сабаби мусбат баромадани тести коронавируси ду узви ҳайати президент дар Маскав Ҷеенбеков аз ширкат дар паради низомӣ бахшида ба 75-солагии пирӯзӣ бар фашизм иштирок накард. Стамалиева хабар дод, ки пеш аз парвоз ба Маскав ҳама аъзои ҳайат аз санҷиши тестии коронавирус гузаштанд ва натиҷаҳои ҳама манфӣ баромад. Ӯ гуфт, “бо назардошти пандемия ҳайт маҳдуд буд ва ҳама тест супурд. Зимни расидан ба Маскав ҳам ҳамаашон тест супурданд. Президент ва ҳамроҳонаш ба Бишкек баргашта аз рӯи муқаррарот тамоми алгоритми зарурии марбут ба тести мусбатро давоми 14 рӯз риоя мекунанд. Президент ва дигар ҳамроҳонаш давоми се рӯз то замони натиҷаҳои тести нав ҳам дар инзиво қарор мегиранд”.

Қабл аз ин хабар дода шуд, ки Ҷеенбеков, ки бо нияти ширкат дар паради ғалаба ба Маскав рафта буд, натавонист ба тамошои он ҳозир шавад. Тести коронавируси муовини шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент Дониёр Сидиқов ва як муҳофиз мусбат баромад.

Президентони Фаронса, Ҷумҳурии Чех, Хорватия ва Чин, ки қаблан барои ҳузур дар парад омодагӣ нишон доданд, аз парвоз ба Маскав даст кашиданд. Аз миёни президентони дигар дар ин маросим раиси ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Сербия, Тоҷикистон, Узбекистон, раҳбарони ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Гурҷистон – Осетияи Ҷанубӣ, Абхозистон ва намояндаи раёсатҷумҳурии чандмиллатии Босния Милорад Додик иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG