Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунарпешаи филмҳои порнографӣ дар таҷовуз ба номус гумонбар мешавад


23 июн. Роналд Ҷереми дар мурофиаи додгоҳии Лос-Анҷелес
23 июн. Роналд Ҷереми дар мурофиаи додгоҳии Лос-Анҷелес

Додситонии ҳавзавии шаҳри Лос-Анҷелес ба як ҳунарпешаи маъруфи филмҳои порнографӣ дар робита бо эҳтимоли таҷовузи ҷинсии чаҳор зан айб эълон кард. Дар ин бора нашрияи The Los Angeles Times гузориш дод.

Роналд Ҷереми Ҳайет дар се ҳолати таҷовуз ба номус, се ҳолати амалҳои зӯроварии ҷинсӣ ва водор кардан ба робитаи ҷинсӣ дар ҳодисаҳои солҳои 2014, 2017 ва 2019 гумонбар мешавад. Қурбониҳо эҳтимолан чаҳор зан мебошанд. Ҷереми 67 сол дошта узви анҷумани ҳунарпешаҳои театрии ИМА аст. Ӯ дар солҳои 1980-ум дар авҷи маъруфияти филмҳои порнографӣ дар тахминан ду ҳазор чунин филм нақш бозидааст.

Парвандаи Ҷереми дар ихтиёри муовини додситони ҳавзавӣ Пол Томпсон аст, ки Ҳарви Вайнштейн, продюсери Ҳолливудро таҳқиқ карда буд. Вайнштейн барои чандин ҷинояти шаҳвонӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG