Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ: "Ҳеҷ гуна ҳамоҳангӣ дар мубориза ба COVID-19 байни кишварҳо вуҷуд надорад"


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз "набуди ҳамоҳангӣ" байни кишварҳо дар раванди мубориза бо коронавирус интиқод кард ва гуфт, ки ин вазъият "ноумедкунанда" аст.

Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфтааст, зарур аст ҳукуматҳо ва кишварҳо дарк кунанд бо якравӣ "вазъиятеро ба миён меоранд, ки назорати он имконнопазир аст". Ӯ мегӯяд, "ҳеҷ гуна ҳамоҳангӣ дар вокуниш ба муқобила бо КОВИД-19 байни кишварҳо вуҷуд надорад".

Ӯ бори дигар таъкид кард, ки чаҳон дар бадтарин чолиши байналмилалӣ аз замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва бояд як оташбаси умумӣ дар ҳама кашмакашҳо ва даргириҳои низомӣ, сурат бигирад.

Дабири куллии СММ ҳамчунин изҳор кардааст, "ба назари ман бояд ҳама хештандориро пеш гирем. Чун танҳо хоксорӣ аст, ки фурсатҳоро дарк хоҳем кард ва бо дарки фурсатҳо, ниёз ба ҳамбастагӣ ва иттиҳод бар мо ошкор хоҳад шуд".

Ӯ ҳамчунин афзудааст, бо вуҷуди он, ки байни ҳукуматҳо ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ вуҷуд надорад, аммо садои мардум ва ҷомеаи маданӣ аз ҳар вақти дигар бештар шунида мешавад ва онҳо аз ҷумла, хостори дастрасии умумӣ ба ваксинаи эҳтимолӣ ҳастанд. "Ваксинае барои мардум, на ваксинае, ки ба низоъ байни кишварҳо табдил шавад, на ваксинае, ки сарватмандҳоро сарватмандтар ва мардуми фақирро ба ҳоли худ бигузорад".

Дар ҳоли ҳозир шумораи гирифторон ба КОВИД-19 дар ҷаҳон аз 9 миллион нафар гузаштааст ва омори расмии ҷонбохтагон дар ҳоли расидан ба ним миллион тан аст. Шумораи аз ҳама бештари гирифторон ба КОВИД-19 дар Амрико, Бразил, Русия, Ҳинд ва Бритония сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG