Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд гуфт, ки нисфи кормандони сафорати Покистонро бо иттиҳоми ҷосусӣ ихроҷ мекунад


Низомие дар пасманзари сафорати Покистон дар Ҳинд гардиш мекунад
Низомие дар пасманзари сафорати Покистон дар Ҳинд гардиш мекунад

Ҳинд гуфт, ки нисфи кормандони сафорати Покистонро аз шаҳри Деҳлӣ ихроҷ мекунад, чун, ба гуфтаи мақомот, онҳо “дар ҷосусӣ даст доштанд” ва бо “созмонҳои террористӣ” дар тамос буданд. Дар изҳороти вазорати хориҷаи Ҳинд рӯзи 23 июн гуфта шуд, ки шумори кормандонашро дар сафорати Исломобод ҳамин андоза кам мекунад. Ҳинд гуфт, ки ихроҷи дипломатҳои покистонӣ дар ҳафт рӯзи баъдӣ сурат мегирад ва қарор дар ин замина ба ваколатдори сафорат супурда шудааст. Муносибатҳои ду кишвари ҳастаӣ дар таниши ҳамешагӣ аст ва ҳодисаҳои ихроҷи дипломатҳо дар гузашта ҳам ҷой дошт. Ҳеҷ як кишвар сафири доимоамалкунанда дар кишвари якдигар надорад. Ҳинд рӯзи 31 май ду дипломати покистониро ихроҷ кард ва гуфт, ки онҳо гӯё дар ҷосусӣ гунаҳгор буданд. Вале Покистон ин иттиҳомотро ҳамчун бепояву асос рад кардааст.

XS
SM
MD
LG