Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Минск фишор оварданд, то саркӯби хабарнигоронро бас кунад


Александр Лукашенко бори шашум довталаби курсии президентӣ аст
Александр Лукашенко бори шашум довталаби курсии президентӣ аст

Беларус барои саркӯб кардани хабарнигорон дар остонаи интихоботи президентии моҳи август зери фишорҳои байнулмилалӣ қарор гирифт. Дар як ҳафтаи ахир дар ин кишвар дастикам 14 рӯзноманигор боздошт ва се нафари онҳо ба далели бозтоби эътирозҳои зидди Александр Лукашенко ҷазо гирифтанд.

Рӯзи 22-юми июн дар Минск даҳҳо нафар, аз ҷумла тақрибан 50 касро барои иштирок дар эътирозҳои ба истилоҳ "занҷираҳои ҳамбастагӣ" муҳокима карданд. Бештари онҳо барои ҳузур дар "чорабиниҳои ғайриқонунӣ" ва ё "итоат накардан ба пулис" муттаҳам шуданд. Бархе дигар рӯзноманигороне буданд, ки эътирозҳои рӯзҳои 19 ва 20-уми июнро бозтоб медоданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз ҳукумати Беларус хостааст, ба ҳуқуқи башар ва демократия эҳтиром гузорад ва масъулиятҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла тааҳудоташ ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ​дар мавриди ҳуқуқи инсон ва интихоботи озоду одилона иҷро кунад.

Вазорат гуфтааст, "аз ҳукумати Беларус мехоҳем, барои онҳое, ки майли иштирок дар интихоботро доранд, аз ҷумла дар масъалаи сабтиноми номзадҳо ва дастрасӣ ба расонаҳо шароити баробар фароҳам кунад". Ва дар идома омадааст: "Эҳтиром ба озодиҳои бунёдӣ, аз ҷумла таҷаммӯи сулҳомез ва баёни андеша барои рушди муносибатҳои Амрикову Беларус аҳамияти ҳалкунанда дорад."

Интихоботи Беларус рӯзи 9-уми августи имсол баргузор хоҳад шуд. Президенти феълӣ Александр Лукашенкои 65-сола бори шашум аст, ки барои дарёфти курсӣ рақобат дорад. Вай аз соли 1994 инҷониб раиси ҷумҳурии Беларус аст.

Фишор ба расонаҳо дар ҳоле афзоиш меёбад, ки Лукашенко саркӯби раҳбарон ва фаълони мухолифро густариш медиҳад. Аз ҷумла, Виктор Бабарика, яке аз рақибони асосии президенти Беларус боздошт шудааст ва ба қавли коршиносон яке аз чолишҳои бузургтарини ӯ дар давраи интихобот ба шумор меравад.

Анҷумани рӯзноманигорон ва намояндагони 40 расона дар Беларус рӯзи 23-юми июн аз ҳукумат хостанд, ки таъқиби хабарнигоронро бас кунад. Онҳо ҳукуматро ба фишор овардан ба намояндагони расонаҳо муттаҳам карданд. ​

Дар ин муроҷиатнома гуфта шудааст, ки бархе аз хабарнигорони боздоштшуда, аз ҷумла Александр Позняк ва Сергей Багров латукӯб шуданд. Ба қавли онҳо, ҳатто ҳангоми пахши зинда ё мустақим маъмурони пулис ба журналистон ҳамла карданд ва ин нақзи ошкорои ҳуқуқи хабарнигорон аст.

Як рӯз пеш Кумитаи дифоъ Минскро барои саркӯби расонаҳо дар остонаи интихоботи президентии моҳи август танқид кард.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, гуфт, "мақомоти Беларус бояд ба боздоштҳо, ҳабс кардан ва пайгарди рӯзноманигороне, ки эътирозҳоро бозтоб медоданд, хотима бахшад ва амнияти онҳоро таъмин намояд. Ба журналистон иҷоза дода шавад, ки бидуни тарси дастгир шудан ва пайгард дар бораи воқеаҳои муҳим гузориш диҳанд."

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфт, Александр Позняк ва Сергей Багров, хабарнигорони як вебсайти мустақил, муҷозот шудаанд. Додгоҳ Познякро 340 доллар ҷарима карда, Багровро ба 15 рӯзи ҳабс гирифтааст.

Борис Горетский, раҳбари Анҷумани хабарнигорони Беларус мегӯяд, пулис Багров ва Познякро ҳангоми дастгир кардан задааст.

Додгоҳе дар шарқи Беларус хабарнигор Сергей Латинскийро низ ба даҳ рӯзи зиндон маҳкум кард.

Дар миёни афроде, ки рӯзи 19-уми июн дар Беларус дастгир шуданд, хабарнигорони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Александр Динко ва наворгираш Андрей Рабчик низ ҳастанд. Дейзӣ Синделар, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Озодӣ, боздошти рӯзноманигоронро маҳкум кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG