Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 14 узви нирӯҳои ҳукуматиро куштанд


Президент Ашраф Ғанӣ дар як ҷаласаи ҳукуматӣ рӯзи 22 июн гуфт, ки хушунатҳо бо дасти Толибон “дар ихтилоф бо рӯҳияи ӯҳдадорӣ ба сулҳ” мебошад. 
Президент Ашраф Ғанӣ дар як ҷаласаи ҳукуматӣ рӯзи 22 июн гуфт, ки хушунатҳо бо дасти Толибон “дар ихтилоф бо рӯҳияи ӯҳдадорӣ ба сулҳ” мебошад. 

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки даҳҳо ҷангҷӯи Толибон ба чанд посгоҳ дар шимоли кишвар ҳамла карда дар маҷмӯъ 14 узви нирӯҳои амниятиро ба ҳалокат расониданд. Хушунатҳои нав дар ҳолест, ки ҳукумат Толибонро дар афзоиши ҳамлаҳо ба нирӯҳои амниятии Афғонистон дар давраи шурӯи музокираи сулҳ гунаҳгор кардааст. Мақомот гуфтанд, ки ҳамлаҳои ҳамзамон ба як посгоҳи артиш ва ду посгоҳи полис дар вилояти Кундуз чандин соат идома кард. Дар ҳодисаҳои Кундуз 8 нафар кушта шуд. Ҳанӯз Толибон дар ин замина изҳори назар накардаанд.

Ҷангҷӯён инчунин ба посгоҳи артиш дар вилоятҳои Балху Ғазнӣ ҳамла карданд. Вазорати дифоъ гуфт, ки дар ин ҳодисаҳо чандин ҳамлагар кушта шуд.
Шӯрои амнияти миллии Афғонистон рӯзи 22 июн гуфт, ки Толибон дар як ҳафтаи гузашта дасти кам 291 узви нирӯҳои амниятии Афғонистонро ба қатл расониданд ва ин хунинтарин ҳафта дар таърихи ҷанги 19-солаи Афғонистон буд. Президент Ашраф Ғанӣ дар як ҷаласаи ҳукуматӣ дирӯз гуфт, ки хушунатҳо бо дасти Толибон “дар ихтилоф бо рӯҳияи ӯҳдадорӣ ба сулҳ” мебошад.

XS
SM
MD
LG