Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон ба гузаронидани карантин дар меҳмонсарой иҷозат доданд


Яке аз меҳмонхона дар Узбекистон.
Яке аз меҳмонхона дар Узбекистон.

Ситоди ҷумҳуриявии Узбекистон барои мубориза бо коронавирус ба гузаронидани давраи карантин дар меҳмонсарой аз ҳисоби худ иҷозат дод.

Шаҳрвандоне, ки аз кишвари дорои вазъи бади эпидемиологӣ ба Узбекистон мераванд, ҳақ доранд, 14 рӯзи карантинро аз ҳисоби худ дар меҳмонсарой гузаронанд.

Рӯйхати меҳмонсаройҳоеро, ки шаҳрвандон метавонанд дар онҳо карантин шаванд, Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ ва Оҷонси санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон таҳия хоҳанд кард.

Ситод ҳамчунин барои пурзӯр кардани назорати санитарию эпидемиологӣ чораҳои нав андешидаааст. Ҳамаи даромаду баромад аз маҳаллаҳои Тошканд, ки минтақаи хатарноки "сурх" номида шудаанд, манъ хоҳад шуд. Дар чорроҳаҳо постҳо ташкил мешавад.

Ба ҷуз ин, шаҳрвандоне, ки дар карантини хонагӣ қарор доранд, 24 соат зери назорат гирифта мешаванд.

XS
SM
MD
LG