Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди мубталоёни СОVID-19 дар Тоҷикистон аз 5500 нафар гузашт


Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 56 гирифтори нави COVID-19-ро сабти ном кардааст ва то рӯзи 22-уми июн теъдоди умумии беморон ба 5513 нафар расид. Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки “то кунун дар мамлакат 4039 (73.2%) нафар шифо ёфтаанд" ва аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Мутахассисон ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" бештар аз 400 нафарро ташкил медиҳад. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.

XS
SM
MD
LG