Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бо "Уралские авиалинии" шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон бармегардонад. ВИДЕО


Дар се моҳи ахир бори нахуст терминали мусофиркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пур аз одам буд. Ширкати ҳавоии "Уралские авиалинии" зуҳри 22-уми июн нахустин аз панҷ парвози чартерӣ барои берун бурдани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистонро анҷом медод. Қарор аст рӯзҳои наздик ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон низ барои ба ватан бозгардонидани шаҳрвандони кишвар аз Русия панҷ парвоз анҷом диҳанд.

Фаррух Гулмуродови 24-сола, ки дар Тоҷикистон таваллуд шуда, феълан дар шаҳри Находкаи Русия зиндагӣ мекунад, тӯли се моҳ интизори бозгашт ба маҳалли иқоматаш буд. Вай 15-уми марти соли ҷорӣ барои интихоби арӯс ба ватани аҷдодӣ омад ва рӯзи дигар марзҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигар баста шуд.

Фаррух Гулмуродов тӯли ин се моҳ Хуршеда Турдиева, сокини 20-солаи шаҳри Турсунзодаро номзад арӯсӣ интихоб кард, вале барои анҷоми маросими тӯй фурсат пайдо накард. Субҳи имрӯз Хуршеда Турдиева барои гусели номзадаш ба шаҳри Новосибирск, ба фурудгоҳи Душанбе омада буд. Фаррух Гулмуродов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ба Находка баргашта, бояд барои баргузории тӯйи арӯсӣ маблағ ҷамъ кунад.

Ӯ афзуд, ки дар кони тилло кор мекунад ва бо дарназардошти минтақаи шимоливу шарқӣ будани Находка, маошаш бад нест ва то тобистони оянда бояд кор кунад, то барои анҷоми тӯй маблағи зарурӣ ҷамъ оварад.

Аз 16-уми моҳи марти соли ҷорӣ ба далели паҳншавии бемории COVID- 19 мақомоти тоҷик марзҳои заминӣ ва ҳавоиро барои омаду рафти шаҳрвандон масдуд кард. Фаррух Гулмуродов дар посух ба ин суол, ки чӣ тавр имкон пайдо кард, ки исмаш ба рӯйхати мусофирон ба Русия ворид шавад, гуфт.

"Ман дар портали "Госуслуги"-и Вазорати корҳои хориҷии Русия сабти ном шудам ва бароям пайёмак расид, ки метавонам ба ин парвоз билет харидорӣ кунам. Нархи билети парвоз 440 евро аст. То хуруҷи бемории COVID 19 нархи парвоз дар ин масир 220 евро буд",-афзуд Гулмуродов

Ба иттилои манобеи Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, ҳавопаймои "Уралские авиалинии" танҳо барои берун бурдани шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон парвоз кард. Мушоҳидаҳои мо дар назди толори парвози фурудгоҳи Душанбе баёнгари он буд, ки бештаре аз мусофирони парвози имрӯз ба Русия тоҷиктабороне буданд, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.

Барои зангирӣ ба Душанбе омад, вале бидуни арӯс ба Русия баргашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Абуносир Ахшилипов, зодаи шимоли Тоҷикистон ва ҳоло шаҳрванди Русия низ ба ин парвоз номнавис шуда, омодаи сафар ба маҳалли зисташ дар вилояти Кемерово буд. Вай мегӯяд, ки чаҳор моҳ қабл ба Тоҷикистон омад ва тӯли ин муддат интизори боз шудани марзҳо буд.

Мегӯяд, талош накард, ки аз роҳи заминӣ ба Русия баргардад, зеро марзи Узбекистон баста аст. "Тӯли солҳои зиёд дар Русия дар як кон машғули кор ҳастам. Ҳар моҳ ба пайвандонам дар Тоҷикистон пул мефиристам, вале чаҳор моҳ шуд, ки худам дар Тоҷикистон ҳастам ва ҳамаи пасандозам ҳам ба охир расид. Шодам, ки ба сари кор бармегардам".

Дар охири ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандонро бо ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" ба ватан бармегардонад. Ба қавли манбаъ, дар навбати аввал "ба қишрҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама беморон, занон бо кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷўён ва нафарони ҳамроҳ, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хидматӣ дар Русия дармондаанд, бартарӣ дода мешавад".

Парвозҳо, ба қавли мақомот, аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбург ба Тоҷикистон сурат мегиранд. Мақомот гуфтанд, ҳоло маълум нест, ки ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Русия холӣ мераванд ё мусофир мебаранд. Азиз Набизода, муовини раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки то ҳол дар мавзӯи азсаргирии парвозҳо бо Русия тавофуқ ба даст наомадааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG