Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Русия имзои START-и навро баррасӣ мекунанд


Байконур. Мушакандози нави "Днепр" - нусхаи муосири мушаки дурпарвози СС-18 -и Русия ҳама озмоишҳоро аз сар гузаронид ва аз майдони Байконур ба кайҳон рафт.
Байконур. Мушакандози нави "Днепр" - нусхаи муосири мушаки дурпарвози СС-18 -и Русия ҳама озмоишҳоро аз сар гузаронид ва аз майдони Байконур ба кайҳон рафт.

ИМА ва Русия қарор аст дар музокироти дурӯза, ки 22 июн шурӯъ мешавад, созиши ҳастаӣ ваё START-и нав (аҳдномаи стратегии коҳиши силоҳ)-ро ба баррасӣ бигиранд. Ин санад шумори кулоҳакҳои ҳастаии дурпарвозро муайян мекунад, ки ҳар кишвар метавонад дошта бошад. ИМА ҳафтаи гузашта эълон кард, ки раҳбари ҳайати музокиракунанда Маршалл Биллингсли барои гуфтугӯ бо муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков ба Вена парвоз кард. Русия дархост кард, ки START-и нав тамдид шавад. Ин санад ҳақи Русия ва ИМА ба силоҳҳои ҳастаиро дар ҳудуди 1550 адад маҳдуд мекунад. Санади мазкур, ки феврали соли оянда ба охир мерасад, охирин созиши ҳастаии миёни Русия ва ИМА мебошад. Рябков рӯзи 20 июн ба Интерфакс гуфт, ки Русия дар заминаи тамдиди санад тамоми далелҳояшро гуфтааст, вале дар музокирот ҳам ин ақидаашро бори дигар баён хоҳад кард. ИМА гуфтааст, ки ба имзои созиши нав мехоҳад Чинро ҳам ҷалб кунад, вале Чин то ҳол ба даъватҳои батакрори ширкат дар муколама посухи рад додааст.

XS
SM
MD
LG