Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқтаборони фирории Чин аз зиндони Қазоқистон озод шуданд


Қазоқтаборони фирорӣ аз Чин Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Алимулӣ, ки бо ҷурми "барқасдона ғайриқонунӣ гузаштан" аз марзи Қазоқистон яксолӣ зиндонӣ шуда буданд, 22 июн, баъди беш аз ҳашт моҳ озод шуданд.

Вакили дифои онҳо Ляззат Ахатова гуфт, муҳлати ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақоми паноҳандагии шахсони зери ҳимояаш моҳи оянда ба поён мерасад. "Масъалаи мақоми паноҳандагии онҳоро хадамоти муҳоҷирати вилояти Ақмолин баррасӣ мекунад. Ҳоло онҳо то охири июл санади муваққатӣ доранд. То он замон масъала бояд дида шавад", - изҳор дошт вакили дифоъ.

Додгоҳи ноҳияи Зайсани Қазоқистон 22 январи соли равон Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Алимулиро яксолӣ зиндонӣ кард. Онҳо муҳлати ҷазоро дар зиндони сукунатӣ адо карданд.

Мусохони 30-сола ва Алимулии 25-сола гуфтанд, рӯзи 1 октябри соли гузашта марзи давлатии Чинро убур ва 5 рӯз дар минтақаи байни сарҳади ду давлат боқӣ монданд. Танҳо дар рӯзи 6 октябри соли 2019 муваффақ шуданд, ки вориди Қазоқистон шаванд.

Кастер Мусохон гуфт, баъди он аз Чин фирор кард, ки "наздики чаҳор солу ҳашт моҳи охир дар урдугоҳ нигаҳдорӣ мешуд". Мусохон мегӯяд, дар урдугоҳ ба ӯ фишор меоварданд ва латту кӯб мекарданд. Алимулӣ низ аз фишору латту кӯби мақомоти Чин нақл кард.

XS
SM
MD
LG