Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе фосилаи ҷисмониро "риоя намекунанд", аз бепарвоӣ ё ночорӣ? ВИДЕО


Сокинони Душанбе фосилагирии замони пандемияро нодида мегиранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Аз охири моҳи апрел ҳар рӯз дар Тоҷикистон расман даҳҳо нафар ба бемории COVID-19 гирифтор мешаванд, вале мақомот ҳеч вақт карантин ҷорӣ накарданд. Бинобар ин, сокинон дар кӯчаву нақлиёти ҷамъиятӣ озод равуо мекунанд ва мушоҳида мешавад, ки кам касе фикри риояи фосилаи иҷтимоӣ ё дурӣ аз якдигар аст.

Зоҳиран аз тарси ҷарима шудан бисёриҳо дар Душанбе талош мекунанд дар берун ниқоби тиббӣ дошта бошанд, аммо фосилаи байниҳамдигариро дар аксар ҳолат дар кӯчаву хиёбон ва бозорҳо риоя намекунанд.

Сокинон мегӯянд, ин аз бепарвоӣ нест, балки шароит тақозо мекунад. Ҳаво дар Душанбе 35 дараҷа гарм аст ва пиёда гаштан зери офтоби сӯзон ғайриимкон аст.

Мардум барои рафтан ба кору бозор аз нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла автобусу троллейбусҳо, истифода мекунанд. Аксарият мегӯянд, дар чунин шароит фосила гирифтан имкон надорад, чун автобусҳо дар шаҳр зиёд нест ва "ворид шудан ба он муҳимтар аз риояи фосилаи иҷтимоӣ аст".

Зулфия, сокини шаҳри Душанбе, гуфт, "бо реҷаи ҳозираи автобусҳо риояи фосила ғайриимкон аст. Одамон то ним соат автобуси рақами 3-ро интизор мемонанд ва дар натиҷа то омадани нақлиёти мусофирбар анбуҳи одамон ҷамъ мешавад. Фосила аслан риоя намешавад. Автобусҳо бояд дар шаҳр зиёдтар бошанд."

Ба қавли сокинон, микроавтобус ё мусофирбарҳои хурд ҳам аз меъёр бештар мусофир мегиранд. Мусофирон ронандаҳо ва ронандаҳои нақлиёт дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдорӣ мусофиронро гунаҳкор мекунанд.

Насим Одилов, сокини пойтахт мегӯяд, огоҳ кардан ва талаби риояи фосилаи иҷтимоӣ вазифаи ронандаҳои нақлиёти мусофирбар аст: "Бояд онҳо мусофиронро огоҳ кунанд, ки дар як ҷо ҷамъ нашаванд. Худашон ҳам бояд мусофири зиёд нагиранд. Агар чунин қоида ё қонуне қабул мешуд, ҳатман мардум онро риоя мекарданд."

Ронандагони нақлиёти мусофирбар дар шаҳр, мегӯянд, пайваста ба мусофирон риояи фосилаи иҷтимоиро таъкид мекунанд, вале мардум ба гапи онҳо гӯш намедиҳанд. Иззатулло, ронандаи автобус, мегӯяд, дар дохили нақлиёташ огоҳие насб кардааст, "вале мардум зиёданд, мо ҳамаро назорат карда наметавонем."

Дурии одамони ҳатто солим аз ҳамдигар ё фосилаи иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба COVID-19 дар баробари пӯшидани ниқоб ва тоза нигоҳ доштани дастон, яке аз чанд тавсияҳои аслии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) аст. Ба таъкиди созмон одамон бояд аз ҳам на камтар аз ду метр фосила дошта бошанд.

Барои надоштани ниқоб дар Тоҷикистон ахиран ҷарима пешбинӣ шуд, аммо барои риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ҳушдор ё муҷозоте нест. Чаро мақомоти кишвар тавсияҳои СҶТ-ро ба таври интихобӣ иҷро мекунанд? Вазорати тандурустӣ дар ин бора ба хабарнигорон шарҳе надод. Дар ин ниҳод танҳо гуфтанд, масъалаи муҷозот барои риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ то ҳол нест.

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд: "Дар ҳар суҳбату паёми вазорат ба такрор мегӯем, ки тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, аз ҷумла тоза гаштан, пӯшидани ниқоб ва фосилаи байни одамон бояд риоя шаванд. Ҳар рӯз гуруҳи ихтиёриёни мо ба шаҳр мебароянд ва бо сокинон суҳбатҳо мегузаронанд."

Мақомоти Тоҷикистон ҳар рӯз аз кам шудани шумори гирифторони бемории ҳамагир хабар медиҳанд. Ин таъкиду изҳороти мақомот ҳам боис шудааст, ки мардум гӯшанишиниро тарк кунанд ва аз хона берун оянд. Аксар мутахассисону пизишкон аз он нигаронанд, ки ин вазъ метавонад ба мавҷи дувум ё хуруҷи дубораи беморӣ сабаб шавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (10)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG