Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии қазияи додгоҳии боздошти Порошенко то 1 июл мавқуф гузошта шуд


Петро Порошенко ва ҳамсараш Марина дар беруни додгоҳе дар Киев дар ҳалқаи тарафдоронаш. 18 июни соли 2020
Петро Порошенко ва ҳамсараш Марина дар беруни додгоҳе дар Киев дар ҳалқаи тарафдоронаш. 18 июни соли 2020

Додгоҳи ноҳияи Печерскии шаҳри Киев қарор кард, ки то рӯзи 1 июл дар баррасии қазияи интихоб кардани чораи пешгирӣ нисбати собиқ президент ва вакили парлумон Петро Порошенко танаффус эълон мекунад. Порошеко зимни вокуниш ба ин қарор рӯзи 18 июн гуфт, “ин пирӯзӣ неву оғози муборизаи хастакунанда аст”. Додситонҳо дар аризаи худ ба додгоҳ дархост карданд, ки чораи пешгирӣ “ӯҳдадории шахсӣ”, на боздошт ва ҳабс бошад. Рӯзи 10 июн тафтишот гуфт, ки Порошенкоро аз ҷумла дар он гумонбар медонанд, ки соли 2018, замони президентиаш, як “мақомдори низомӣ – раиси хадамоти ҷосусии Украинаро ба берун рафтан аз ваколатҳои хидматӣ водор кардааст”. Ҳомиёни Порошенко ин гумонҳоро “сафсатта” номиданд.

Дар ҳоле, ки қазияи Порошенко дар додгоҳ асту ба ӯ эҳтимоли ҳабс шудан таҳдид мекунад, сафорати ИМА дар Киев рӯзи 18 июн дар саҳифаи фейсбукии худ бидуни зикри номи Порошенко навишт, ки “шаҳрвандон дар демократия аз рӯи қонун ба бархӯрди баробар ва одилона ҳақ доранд”.

Дар изҳорот омадааст, ки “низоми додгоҳӣ набояд барои ҳалли баҳсҳои сиёсӣ истифода шавад”.

Дафтари додситонии кулли Украина ва Бюрои давлатии тафтишот гуфтанд, ки Порошенко расман огоҳонида шуд, ки дар беш аз 20 маврид бо иштироки ӯ гумонбар мебошад ва онҳо дар фикри ҳабси пеш аз додгоҳии ӯ хоҳанд буд.

Вакилони Порошенко ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Рӯзи гузашта Доналд Туск, раиси Ҳизби мардуми Аврупо дар заминаи шурӯи таҳқиқи ҷиноии собиқ президент дар аҳди Владимир Зеленский изҳори нигаронӣ кард. Ӯ парвандаи Порошенкоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид. Ҳафтаи гузашта калисои провославии Украина бо нашри изҳороте гуфт, ки ҳама гуна ангезаҳои сиёсӣ дар фаъолияти сохторҳои ҳифзи қонун ва ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ, бахусус алайҳи собиқ президент, нобахшиданӣ аст.

Порошенкои миллиардер ва молики корхонаҳои қаннодӣ ҳоло як узви парлумон аст. Ҳизби рӯ ба Аврупо ва зидди Русияи ӯ соли 2019 дар интихобот 25% овозҳоро бурдааст.

XS
SM
MD
LG