Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Русияву ИМА табдили Виланро бо Бут ва Ярошенко баррасӣ доранд


Аз чап ба рост: Пол Вилан, Виктор Бут ва Константин Ярошенко
Аз чап ба рост: Пол Вилан, Виктор Бут ва Константин Ярошенко

Гузоришҳои хабарӣ ҳокӣ аз он аст, ки мақомоти Русия ва ИМА дар музокира ҳастанд, то ки Пол Вилан, як амрикоии ҳафтаи гузашта дар Маскав ба ҷосусӣ муттаҳамшударо бо ду шаҳрванди Русия табдил кунанд, ки дар зиндонҳои амрикоӣ ҳукми худро пушти сар мекунанд. Интерфакс рӯзи 17 июн дар нақли қавл аз як мақом навишт, ки дар музокира сухан аз табдили Виктор Бут ва Константин Ярошенко меравад. Виктор Бут, ки бо лақаби “Тоҷири марг” маъруф аст, дар ИМА барои фурӯши ғайриқонунии силоҳ маҳкум шудааст. Ярошенко барои қочоқи кокаин ба ИМА ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст. Манбаи беноми Интерфакс гуфтааст, ки агар созиш муваффақ шуд, президенти ИМА бояд ду шаҳрванди Русия ва президенти Русия Виланро бубахшад. Вилан декабри соли 2018 боздошт ва рӯзи 15 июн ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Вилан ҳукми додгоҳро ҳамчун “як муҳокимаи шармандавор” рад кардааст. Нозирон мегӯянд, ки аз оғоз қазияи Вилан ҳамчун талоши Русия барои дар муомила бо Амрико истифода кардани он арзёбӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG