Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп қонуни таҳрими мансабдорони Чин барои таъқиби ӯйғурҳоро имзо кард. Пекин вокуниш нишон дод


Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбеи 17-уми июн тарҳи қонунеро имзо кард, ки имкони эъломи таҳрим зидди мансабдорони Чин барои таъқиби уйғурҳо ва сокинони дигари мусулмони минтақаи худмухтори Шинҷонро фароҳам месозад. Чин дар вокуниш, нисбат ба паёмадҳои ин қонун ба Амрико ҳушдор додааст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ҳадаф аз ин тарҳ, ки дар Конгресси Амрико танҳо бо як раъйи мухолиф қабул шуд, ин аст, ки бо ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи мақомоти масъул дар саркӯби ӯйғурҳо ва дигар гурӯҳҳои мусалмон дар минтақаи Шинҷон, паёми сахте дар мавриди ҳуқуқи башар ба Чин бифиристад.

Тибқи гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид, беш аз як миллион мусалмон дар урдугоҳҳо дар минтақаи Шинҷон зиндонӣ ҳастанд.

Ин қонун ҳамчунин хостори таҳрими раиси Ҳизби коммунист дар Шинҷон бинобар нақзи ҳуқуқи башар шудааст.

Бар пояи қонуни мазкур, хадамоти махсус ва Департаменти давлатии Амрико Конгрессро пайваста аз вазъи уйғурҳо дар Чин огаҳ карда, президент бояд давоми 120 рӯз номи мансабдорони чиниеро пешниҳод кунад, ки дар таъқиби уйғурҳо даст доранд ва зиддашон бар асоси Қонуни ҷаҳонии Магнитский таҳрим эълом хоҳад шуд.

Вазорати умури хориҷии Амрико Чинро муттаҳам мекунад, ки мусалмононро "шиканҷа ва озор" медиҳад ва дар талош аст, то фарҳанг ва оини онҳоро решакан кунад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати хориҷии Чин дар баёнияе гуфтааст, ки имзои ин қонун, ҳамлаи "вайронгар" алайҳи Пекин буд ва ба он посух дода хоҳад шуд.

Вазорати умури хориҷии Чин аз Амрико хостааст, ки "иштибоҳ"-и худро дар ин замина "ислоҳ" кунад. Дар ин баёния таъкид шудааст, "дар ғайри ин сурат, Чин ба таври қотеъ даст ба иқдомоти мутақобил хоҳад зад ва тамоми оқибатҳои он ба дӯши Иёлати Муттаҳидаи Амрико хоҳад буд".

Таниш байни Амрико ва Чин дар моҳҳои ахир бар сари масоили мухталиф, аз ҷумла шеваи муборизаи Пекин бо паҳншавии коронавирус ва ҳамчунин ҳимояти Вашингтон аз Тайван, боло гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, яке аз гуруҳҳои аслии ӯйғурҳо дар хориҷ аз иқдоми раиси ҷумҳури Амрико истиқбол карда ва гуфтааст, имзои ин қонун мардуми ӯйғурро умедвор кардааст.

Ҳукумати Чин аз чанд даҳа пеш барои назорати минтақаи Шинҷон бо мушкил рӯбарӯ аст ва аз соли 2001 ва бо оғози маъракаи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико алайҳи терроризм, аз ин масъала барои фишор ба мусалмонони ӯйғур истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG