Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори молияи Кӯлобро баъд аз худсӯзии як марди норозӣ аз кор гирифтанд


Раҳмон Одинаев
Раҳмон Одинаев

Раҳмон Одинаев, сардори раёсати молияи шаҳри Кӯлобро баъди бештар аз даҳ рӯзи худсӯзии як марди норозӣ ва шикоятҳои зиёд аз пардохт нашудани маоши омӯзгорон аз кор гирифтаанд.

Як манбаъ дар идораи молияи Кӯлоб гуфт, Одинаев рӯзи 17-уми июн аз мақом сабукдӯш шуд: "Аризаашро гирифтанд ва баъд аз нисфирӯзӣ аз кор ҷавоб доданд. Барканориаш ба пардохт нашудани маош ва худсӯзии Зариф Абдуллоев рабт дорад. Ҳоло маълум нест, ба ҷойи ӯ киро таъйин мекунанд."

Манбаи дигар дар ҳукумати Кӯлоб мегӯяд, чанд рӯз пеш Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз кори раиси молия интиқод кардааст ва зоҳиран ҳамин сабаби барканориаш шудааст.

Мақомот дар бораи иллатҳои аз кор сабукдӯш сардори раёсати молияи шаҳри Кӯлоб чизе нагуфтаанд.

Зариф Абдуллоев, сокини деҳаи Кӯҳнашаҳри ҷамоати Зарбдори Кӯлоб, рӯзи 6-уми июн худро дар назди бинои раёсати молияи шаҳри Кӯлоб оташ зад ва 8-уми июн дар бемористон даргузашт.

Ба гуфтаи масъулони огоҳ аз қазия, Абдуллоев бо Идораи молияи Кӯлоб ҳамкорӣ дошта, муассисаҳои томактабии Кӯлобро бо маводи ғизоӣ таъмин мекард. Ба нақли онҳо, ду моҳ пеш ширкати нонпазии хонаводаи Зариф Абдуллоев муфлис мешавад ва Раёсати молия пулеро, ки ӯ барои расонидани ғизо ба муассисаҳои томактабӣ сарф карда буд, барнамегардонад.

Қаблан сардори раёсати молияи вилояти Хатлон гуфта буд, ки боғчаҳои бачагона аз корхонаи нонпазии Зариф Абдуллоев 21 ҳазор сомонӣ қарздоранд, вале ба сабаби пандемияи коронавируси нав натавонистанд онро саривақт бидиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, омӯзгорони Кӯлоб ҳам шикоят доранд, ки ду моҳ боз маош нагирифтаанд ва барои харидани хӯрокворӣ ва маҳсулоти дигари муҳим барои зиндагӣ аз дигарон қарз гирифтаанд.

Вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 17-уми июн дар порлумон тасдиқ кард, ки дар пардохти маош дар кишвар мушкил ҷой дорад ва онро ба вазъияти вобаста ба коронавирус дар кишвар пайванд дод. Файзиддин Қаҳҳорзода дақиқ нагуфт, ки дар кишвар чӣ қадар қарзи маош мондааст, аммо ваъда дод, ки “рӯзҳои наздик мушкилро ҳал мекунем”.

XS
SM
MD
LG