Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 6 сол насохтанд, дар 1 сол месозанд? "Чаро не?" ВИДЕО


Бинои баландошёнаи Душанбе такмил мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ба қазияи даҳҳо оилаи зарардида аз ширкати "Союз Сохтмон" расидагӣ кунад ва ваъда додааст, то як соли дигар сохтмони бинои нӯҳтабақаи онҳоро ба поён мерасонанд. Сокинон мегӯянд, шаш сол инҷониб наметавонанд дар маҳаллаи 83-юми пойтахт соҳиби хона шаванд. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки ваъдаи шаҳрдорӣ воқеият аст, ё танҳо барои таскини дили мардум? Магар шаҳрдорӣ шаш сол боз аз ин мушкил хабар надошт?

52 оилаи зарардида аз ширкати "Союз Сохтмон" мегӯянд, барои соҳиби хона шудан дар тӯли шаш, дар маҷмуъ, ҳудуди 600 ҳазор доллари амрикоӣ додаанд. Онҳо дар номаи худ ба унвонии шаҳрдории Душанбе навиштаанд, "аз соли 2014 инҷониб, яъне 6 сол, сохтмони бино тӯл кашида, 52 оила ҳанӯз ҳам хонаи худро пайдо накардаву боз дар кӯча мондаем".

Хосият Ҳошимова, сокини шаҳри Душанбе, ки барои сохтмони ин бино маблағ додааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мушкили онҳо баъд аз боздошту зиндонӣ шудани раиси ширкати "Союз Сохтмон" Миновар Додохонов оғоз шудааст. Ӯ мегӯяд, Додохоновро ба 11 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Ба гуфтаи сокинон, биноро, ки танҳо то ошёнаи чаҳорум сохтаанд, Кумитаи амволи давлатӣ мусодира кардаву ба ихтиёри Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе додааст. Дар Раёсати сохтмони асосии Душанбе гуфтанд, масъулияти ҳалли мушкили саҳмгузорон дар сохтмони бинои баландошёна дар кӯчаи Асадуллоҳ Ғуломовро ба ихтиёри мақомоти ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт гузоштаанд.

Бархе аз маблағгузорони сохтмони ин бино дар шароити бепулӣ водор шудаанд, дар утоқҳои сохтмонаш нотамоми ин бино барои худ ҷойи зист ташкил кунанд. Нигина Ёрмаҳмадова, яке аз ин афрод дар бораи шароити зиндагиаш дар ин бинои сохтмонаш нотамом гуфт: "Дар ин ҷо на дар ҳаст, на тиреза. Маҷбур ҳастам дар хонаи мардум муздурӣ кунам, либос шӯям ва бар ивази ин кор 5-10 сомонӣ ба адст орам. Бо ҳамин пул рӯзамро мегузаронам. Барои хонаи иҷора гирифтан маблағ надорам ва дар ҳамин ҷо шабро рӯз мекунам".

Ин гурӯҳи сокинон ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кардаанд, то барои идомаи сохтмони ин бинои баландошёна иҷозат бидиҳанд ё барои бозпас гирифтани маблағи пардохташон кумак кунанд. Онҳо мегӯянд, ҳатто ширкатеро пайдо кардаанд, ки омода аст сохтмони биноро идома дода, муштариёнро қонеъ созад. Аммо барои идомаи сохтмон дарёфти иҷозаи мақомот зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, баъд аз зуҳри 16-уми июн Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе бо аъзои хонаводаҳои зарардида аз ширкати сохтмонии "Союз сохтмон" мулоқот кардааст. Ба иттилои шаҳрдории Душанбе, дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки сохтмони ин бинои маскунӣ то як соли дигар анҷом дода мешавад ва ҳамаи сокинони зарардида бо манзил таъмин мегарданд.

Ҳамакнун ин суол матраҳ аст, ки оё маблағи пардохткардаи сокинони зарардида зимни дарёфти манзил ҳисобида мешавад, ё не? Як масъул дар шаҳрдории Душанбе рӯзи 17-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи рӯзи сешанбе бо сокинони бинои истиқоматии сохтмонаш нотамом эълон шудааст, ки "то як соли дигар ин бино сохта мешавад ва шаҳрвандон набояд дар мавриди маблағи пардохткардаашон ба ширкати "Союз сохтмон" нигарон бошанд."

Ба гуфтаи манбаъ, бо пешниҳоди санадҳои тасдиқкунанда маблағҳои пардохткардаи сокинон ҳамчун арзиши манзил ҳисобида мешавад ва идомаи сохтмони бино аз ҳисоби ширкати сохтмонии интихоб мешуда ва шаҳрдорӣ сармоягузорӣ мешавад.

Коршиносон мегӯянд, ҳалли чунин қазияҳо танҳо бар пояи ҳукми додгоҳ имконпазир аст. Шоира Давлатова, мудири "Маркази мустақили ҳимояи ҳуқуқи инсон", ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол бо ҷузъиёти қазия ошно нест, аммо дар ҳар сурат идомаи сохтмони ин бинои истиқоматӣ танҳо бо ҳукми додгоҳ имконпазир хоҳад шуд.

"То ҷое фаҳмидам, роҳбари ширкати сохтмонӣ дар зиндон аст ва бинои сохтмонаш нотамом мусодира карда шудааст. Танҳо баъд аз ҳукми додгоҳ мақомот метавонанд идомаи сохтмони онро ба ширкати дигари сохтмонӣ бидиҳанд. Дар ин қазия шаҳрвандоне, ки сохтмони ин бинои истиқоматиро маблағгузорӣ кардаанд, бояд бо санадҳои худ ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Фикр мекунам, дар ин қазия иҷрочиёни судӣ ба хато роҳ дода, тӯли қариб шаш сол сокинонро саргардон кардаанд", - афзуд Давлатова.

Дар чанд соли ахир дар пойтахти Тоҷикистон ва минтақаҳои гуногуни кишвар қазияҳои сохтмони манзили маскунӣ ва ширкатҳои сохтмонӣ зиёд рух медиҳанд. Қазияи аз ҳама пурсарусадо ба сохтмони "Манзили дастрас" дар шаҳри Душанбе мансуб аст, ки баъд аз мудохилаи батакрори мақомот дар ниҳоят ҳалли худро пайдо кард.

Дар бештаре аз ин мавридҳо сокинон ширкатҳои сохтмониро айбдор мекунанд ва чанде аз ин масъулин дар ниҳоят аз сӯйи додгоҳҳо ба мӯҳлатҳои мухталиф зиндонӣ ҳам шуданд. Дар чанд мавриди дигар ширкатҳои сохтмонӣ муваззаф шуданд, ки умури сохтмони манзилро анҷом дода, ба соҳибонашон тақсим кунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG