Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди  таркиш дар Кесон вазири Кореяи Ҷанубӣ ба истеъфо рафт. Видео


Идораи тамосҳои байни ду Корея бо як қарори Пекин тарконида шуд
Идораи тамосҳои байни ду Корея бо як қарори Пекин тарконида шуд

Вазири умури муттаҳидкунӣ дар ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ Ким Ён Ҳол гуфт, ки ба истеъфо меравад. Вазир гуфт, ки масъулияти бад шудани робитаҳо бо Кореяи Шимолиро ба дӯши худ мегирад. Ин изҳорот як рӯз баъди он садо дод, ки дар шаҳраки марзии Кесон бо қарори Пхенян дафтари тамосҳои байни ду Корея тарконида шуд. Мақомот дар Кореяи Шимолӣ инчунин гуфтанд, ки ба минтақаҳои марзӣ нирӯ ворид мекунанд.

Ҳафтаи гузашта Пхенян гуфт, ки ҳама тамосҳо бо Суелро қатъ мекунад. Аз ин пеш Пхенян аз он интиқод кард, ки фирориҳои Кореяи Шимолӣ варақаҳое бо мазмуни интиқод аз кори ҳукумати Кореяи Шимолиро паҳн мекунанд.

Хоҳари раҳбари Кореяи Шимолӣ – Ким Е Чжон ҳушдор дод, ки агар пахши варақаву шабномаҳо зотима наёбад, кишвараш бар зидди Кореяи Ҷанубӣ аз зӯр истифода хоҳад кард.

Дафтари тамосҳои байни ду Корея соли 2018, замоне, ки дар муносибатҳои ду кишвар пешрафт ва раҳбарони ду кишвар бо ҳам дар иртибот шуданд, таъсис ёфт.

Таркиш дар Кесон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:25 0:00

XS
SM
MD
LG