Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба баргузории тӯй ва парвозҳо ба Узбекистону Дубай иҷозат дод


Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва раиси ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавируси нав дар Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва раиси ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавируси нав дар Тоҷикистон

Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавируси нав дар Тоҷикистон иҷоза дод, ки мардум аз 20-уми июн маъракаҳои арӯсии худро баргузор кунанд, аммо бо иштироки сад нафар. Қаблан дар маъракаҳои хурсандӣ ҳузури 150 нафар иҷозат буд. Ҳамчунин аз 1-уми июл ба парвозҳои байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба Узбекистону Дубай иҷозат дода шудааст. Мақомот мегӯянд, мусофирон ҳангоми парвоз ҳатман бо худ маълумотномаи тиббӣ гиранд.

Тибқи иттилои расмӣ, Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус ин тасмимро "бо дарназардошти ба эътимод омадани вазъияти паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон", рӯи даст гирифтааст.

Мақомот мегӯянд, ҳамакнун сокинон иҷоза доранд дар туйи хонадоршавӣ танҳо як маърака ва он ҳам ё дар маҳали истиқомат ё тарабхонаҳо ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор кунанд. Дар гузашта сокинон иҷоза доштанд, ки чунин маъракаҳоро ҳам дар маҳалли истиқомат ва ҳам дар тарабхонаҳо доир кунанд. Тибқи омори расмӣ ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 80 ҳазор мавриди издивоҷи зану мард сабт мешавад.

Дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус парвозҳо ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Узбекистон сар аз 1-уми июл иҷозат дода шудааст. Вале ҳанӯз маълум нест, ки парвозҳо ба Русия -- кишвари мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик, кай оғоз мешаванд.

Аммо тибқи иттилои расмӣ, Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус Оҷонсии ҳавонавардии мулкиро (Агентии авиатсияи гражданӣ) муваззаф сохтааст, ки масъалаи парвозҳо ба Русия ва низ Чинро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳои худро пешниҳод кунад.

Тоҷикистон бо нигаронӣ аз эҳтимоли сирояти коронавирус парвози ҳавопаймоҳоро ба қаламраваш аз рӯзи 19-уми март ба таври ногаҳонӣ қатъ кард. Баъд аз қатъи парвозҳо то ин вақт танҳо чанд парвози махсус барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба кишвар анҷом шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон аз 15-уми июн бахше аз маҳдудиятҳои вобаста ба коронавируси навро дар шаҳри Душанбе бекор карданд ва ба фаъолияти дубораи даҳҳо кошонаи ҳусну сартарошхона, нуқтаҳои фурӯши телефон ва бозорҳои либос иҷозаи фаъолият доданд. Кори ин бозору марказҳои хидматрасонӣ ​аз охири моҳи апрел ба далели паҳншавии бемории COVID-19 мутаваққиф шуда буд.

Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 то ин дам мақомоти Тоҷикистон дар канори масдуд кардани марзҳо, дари масҷидҳо ва мактабу донишгоҳҳоро бастанд. Бо ин ҳама мақомот аз ҷорӣ кардани карантин худдорӣ карданд ва баъзе мансабдорон гуфтанд, ин кор метавонад ба иқтисод таъсири манфӣ расонад.

То рӯзи 16-уми июн шумораи умумии гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 5160 нафар буд. Ба гуфтаи мақомот, то кунун дар Тоҷикистон бар асари ин беморӣ 50 кас ҷон бохтанд.

Аммо дар рӯйхатти алтернативии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 16-уми июн, номи беш аз 430 нафарро навиштаанд. Мақомот ин феҳрастро беасос медонанд ва дастрасӣ ба онро дар ҳудуди Тоҷикистон манъ кардаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки феълан дар шифохонаҳои саросари кишвар 387 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд. Ин рақам дар муқоиса ба омори ду ҳафтаи пеш хеле кам аст ва мақомот мегӯянд, аллакай баъзе аз бемористонҳо, аз ҷумла Қарияи Болои Душанбе ба реҷаи маъмулии кор баргаштаанд.

Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, шуморе аз беморон ҳанӯз дар хонаҳои худ муолиҷа мегиранд ва набояд холӣ шудани ҳуҷраҳои бемористонҳо ба маънои комилан аз байн рафтани беморӣ шумурда шавад. Пештар намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон низ гуфта буд, ки ҳанӯз авҷи беморӣ паси сар нашудааст.

Тоҷикистон баъд аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон кишвари чаҳоруми Осиёи Марказӣ аст, ки рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард.

XS
SM
MD
LG