Светлана Прокопева, як хабарнигори рус дар мурофиаи судии худ бори дигар иттиҳоми “сафед кардани терроризм”-ро дар шарҳи онлайнии нашркардааш дар бораи ҳамлаи маргталабона ба як идораи полис рад кард. Виталий Черкасов, вакили дифои Прокопева дар мурофиаи рӯзи 16 июн дар додгоҳи Псков гуфт, ки додситонҳо натавонистанд далели дурустии иттиҳомро пешкаш кунанд. Прокопева як хабарнигори фрилансери Радио Свобода – бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) барои шарҳе, ки ноябри соли 2018 дар бахши Пскови радиои “Эхо Москвы” пахш шуд, муҳокима мешавад. Дар матн ӯ ҳодисаи бобмгузорӣ шудани дафтари Хадамоти амнияти федеролии Русия дар шаҳри шимолии Архангелскро ба баррасӣ гирифт. Матбуоти русӣ гузориш дод, ки бомбгузори муттаҳам, ки дар ин таркиш даргузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ матнҳое нашр карда хадамоти амниятро дар сохтакории парвандаҳои ҷиноӣ муттаҳам намуд. Дар шарҳи худ Прокопева изҳороти ин ҷавони наврасро ба фазои сиёсии кишвар дар давраи президент Владимир Путин рабт дод. Ӯ тахмин кард, ки фаъолиятҳои сиёсӣ дар кишвар шадидан маҳдуд карда мешавад ва мардум дар ҳолати ноумедӣ қарор дорад. Прокопева қазияи зидди худро ҳамчун талоши “куштани озодии баён” дар Русия арзёбӣ кардааст. Дар сурати гунаҳгор дониста шуданаш ба ӯ то 7 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҷейми Флай, президенти РАО/РО гуфт, “иттиҳоми зидди Светлана сохтакорӣ шудааст ва бояд бекор шаванд, то ки дигар журналистони рус тавонанд талошҳои худ дар амри ҳалли масоили муҳими шаҳрвандони Русияро бидуни тарс аз муҷозоти ҳуқуқӣ, идома бидиҳанд”.