Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бист сарбози ҳиндӣ дар даргирӣ бо нерӯҳои чинӣ дар Кашмир кушта шуданд


Сарбози чинӣ ва ҳиндӣ. Акс аз бойгонӣ.

Мақомҳои Ҳинд рӯзи сешанбеи 16-уми июн эълон карданд, ки талафоти нерӯҳои низомии ин кишвар дар даргирии марзӣ бо Чин дар минтақаи Ҳимолой ба 20 нафар расидааст.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", ин даргирии марзӣ, ки рӯзи душанбе дар минтақаи Ладах руй дод, нахустин даргирии хунин ва серталафот байни нерӯҳои ҳиндӣ ва чинӣ дар минтақаҳои марзӣ аз соли 1975 то кунун аст.

Ин гузориш ба нақл аз коршиносон мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба ҳодисаҳои ахир, коҳиши таниш байни Ҳинд ва Чин мушкил хоҳад буд.

Артиши Ҳинд дар оғоз эълон карда буд, ки се сарбоз дар ин даргириҳо кушта шуданд. Аммо артиши Ҳинд баъдан дар баёнияе эълон кард, ки шумораи кушташудаҳо ба 20 нафар расидааст.

Ин баёния афзудааст, ки 17 нафар низ дар ин даргирӣ, ки дар баландиҳои марзӣ руй дод, захмӣ шуданд. Артиши Ҳинд мегуяд, акнун даргирӣ дар ин минтақа қатъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид аз Ҳинд ва Чин хостааст аз худ хештандорӣ нишон диҳанд. Як сухангӯи СММ гуфтааст, "мо нигаронии худро нисбат ба гузоришҳо дар бораи хушунат ва талафоти ҷонӣ дар марзи Ҳинд ва Чин эълон мекунем".

Хабаргузории "Рейтерз" ҳам менависад, аз моҳи гузашта ду кишвар садҳо нерӯи худро дар се минтақаи мавриди ихтилоф ҷобаҷо кардаанд.

Вазорати умури хориҷии Ҳинд низ эълом кардааст, ду тараф талафот дидаанд ва агар созишномаҳои дуҷонибаи қаблӣ аз тарафи Чин риоят мешуд, чунин ҳодиса рух намедод.

Дар ҳамин бора, сухангӯи вазорати умури Чин рузи сешанбе гуфт, "мутаассифона нерӯҳои Ҳинд рӯзи гузашта ду бор хати марзиро убур карданд ва бо ҳамла ва амалҳои таҳрикомез неруҳои чиниро водор ба посух гуфтан ва даргирӣ карданд".

Ҳинд ва Чин дар соли 1962 бинобар ихтилофоти марзӣ бо якдигар даргир шуданд, ки аз он вақт бо ба ҳол ихтилофот идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Ҳинд дар моҳи октябри соли гузашта ҷода ва фурудгоҳеро дар Водии Галван, воқеъ дар шарқи Ладах такмил кард. Аммо Чин аз Ҳинд хоста буд бунёди ин тарҳҳоро мутаваққиф кунад.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG