Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ИМА фармони ислоҳоти пулисро имзо кард


Доналд Трамп фармони ислоҳоти пулисро имзо кард.
Доналд Трамп фармони ислоҳоти пулисро имзо кард.

Ҳамзамон дар Конгресси ИМА дар робита ба ислоҳоти пулис лоиҳаи қонуне дар ҳоли коркард аст.

Фармони президенти ИМА Доналд Трамп, ки рӯзи сешанбе имзо шуд, ислоҳоти пулис аз ҳисоби грантҳои ҷудошударо пешбинӣ мекунад. Ба Департаменти пулис, аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки ҳангоми истифодаи нерӯ меъёрҳои навро риоя кунад. Ҳамчунин қабули кормандон бояд тавре сурат бигирад, ки ба сафи маъмурони пулис шахсони номашон дар қонуншиканиҳо зикршуда роҳ наёбанд.

"Мо ба коре, ки дар Палатаи намояндагон ва Сенат ҷараён дорад, чизе илова хоҳем кард", - изҳор дошт Трамп.

Дар маросими имзои фармон пайвандони амрикоиҳое ҳузур доштанд, ки дар задухӯрд бо пулис наздикони худро аз даст додаанд. Трамп гуфт, пулис бояд дар назди ҷомеа ҳисоботдиҳанда бошад. Ӯ маъмурияти президенти пешини Амрико Барак Обамаро танқид кард, ки ба гуфтааш, барои ҳалли мушкили мавҷуда коре накард.

XS
SM
MD
LG