Раҳбари "Садои Амрико" ва муовинаш дар пайи баҳси амиқ бо Кохи Сафед дар бораи бозтоби масоили вобаста ба Чин истеъфо доданд.
Аманда Бенетт, раҳбари "Садои Амрико" ва муовинаш Сенди Сугавара дар номаи истеъфои худ рӯзи 15-уми июн навиштанд, таъини Майкл Пак, номзади президент Доналд Трамп ба мақоми раҳбари иҷроияи ин бунгоҳ фурсати хуб барои канор рафтани онҳо мебошад.
Дар нома омадааст: "Ҳеч чиз дар мавриди Шумо, иштиёқи Шумо, рисолати Шумо ва ё тамомияти Шумо тағйир наёфтааст". Дар идома омадааст: "Майкл Пак дар Конгресс савганд ёд кард, ки арзишҳову мустақилияти мавқеи "Садои Амрико"-ро эҳтиром мекунад, чун ин чиз дар эътимоди фавқулодаи саросари ҷаҳон ба кори мо бисёр муҳим аст".
Оҷонси Амрико оид ба матбуоти ҷаҳонӣ, ки "Садои Амрико" як бахши он аст, инчунин Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва Радио Мартиро дар ихтиёр дорад. Моҳи июн Сенат ба раҳбарии ҷумҳурихоҳон номзадии филмбардори муҳофизакор Пакро дар як овоздиҳие бо 53 раъйи тарафдор ва 38 раъйи мухолиф ба ин вазифа таъин кард.
Таъиноти ӯро ҷавобгӯи тақозои ҷумҳурихоҳон арзёбӣ мекунанд, чунки аз миёни демократҳо танҳо як нафар ба ӯ овоз дод.
Трамп аз тарзи бозтоби масоили коронавирус дар "Садои Амрико" бисёр интиқод кард, чун мавзеъгирии он бо мавқеи интихобкардаи маъмурияти Трамп дар робита бо Чин ва тарзи бархӯрди ин кишвар ба бӯҳрони беҳдоштӣ дар ихтилоф буд. Кохи Сафед ҳатто дар як иқдоми бесобиқа бо пахши изҳороти матбуотӣ "Садои Амрико"-ро интиқод кард ва ба Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Амрико гуфт, бо журналистони расона ҳамкорӣ накунанд.
Рӯзи 30-юми апрел як имейле, ки аввалин бор аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи Knight First Amendment нашр шуд, нишон дод, ки кормандони Маркази назорат аз бемориҳо ба ҳамаи дархостҳои хабарнигорони "Садои Амрико" посухи рад додаанд.
Оинномаи "Садои Амрико", ки барои мардуми Русия, Эрон, Чин ва кишварҳои дигари дучори мушкили озодии матбуот барномаҳо таҳия мекунад, тақозо менамояд, ки гузоришу хабарҳои "дақиқ, бетарафона ва ҳамаҷониба" таҳия карда, барои мухотабон "тамоми Амрико, на як бахше аз ҷомеаи Амрикоро" муаррифӣ кунад.
Демократҳо гуфтанд, ки Пак замоне шарики собиқ мушовири Трамп - Тив Баннон буд ва ба ҳамин хотир бо номзадии ӯ ба ин мақом розӣ нестанд. Худи Пак дар бораи собиқаи гузаштаи кориаш нахост суҳбат кунад.