Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳувияти ҳамлагар ба бозрасони рус дар Маскав маълум шуд


Полис дар маркази Маскав

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, як зодаи Ингушетия Ратмир Галаев дар Маскав “бесабаб” ба сӯи ходимони полис оташ кушода ду нафарро маҷрӯҳ кард аа худаш ҳам маҷрӯҳ ва боздошт шуд. Дар нимаи дуюми рӯзи 15 июн дар хиёбони Ленини Маскав тирандозӣ рух дод ва дар натиҷа ду корманди БДА маҷрӯҳ шуд. Парванда бар асоси моддаи “суиқасд ба ҷони ходимони ҳифзи қонун” боз ва тафтишот шурӯъ шудааст. Дар макони зисти Галаев санҷишу кофтуков анҷом гирифт. Тафтишот доираи наздикону дӯстони гумонбарро мавриди пурсиш қарор додааст.

Ҳамлагар ба назди ходимони БДА ҳангоми санҷиши санадҳои як ронандаи такси наздик шуда тирпаронӣ кард. То ҳол маълум нест, ки ӯ бо истифода аз кадом силоҳ тирандозӣ кардааст. Ҳарду ходими полис дар беморхона амалиёти ҷарроҳӣ гузаштанд ва вазъи яке аз онҳо сангин арзёбӣ мешавад. Ҳамлагар ҳам бо тири ҷавобии силоҳи полис захмӣ шуд ва ӯ ҳам дар беморхона дар ҳолати сангин бистарӣ шудааст.

Ба иттилои Интерфакс, Ратмир Галаев 24 сол дошта падараш як мақомдори собиқи хадамоти мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Ингушистон мебошад. Бародараш корманди феълии полиси Ингушистон аст. Полис гуфтааст, ки дар хонаи бародарон Галаевҳо дар деҳаҳои Қаробулоқ ва Экажево ва инчунин дар хонаи худи ҳамлагар дар Маскав кофтукоб анҷом шуд. Интерфакс бо такя ба манбаъҳои худ навиштааст, ки дар хонаи маскавии ӯ адабиёти дорои хусусияти экстремистӣ ошкор шуд ва ҳоло ҳамин фарзия калидӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG