Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафот аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 50 нафар расид


Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, талафот аз коронавируси нав ба 50 нафар расид. Вазорат рӯзи 13-уми июн бо нашри баёнияe гуфт, дар як шабонарӯзи гузашта, 69 мавриди собитшудаи COVID-19-ро сабт кардааст ва дар умум теъдоди гирифторон ба 4971 нафар расидааст. Аз ин миён 3288 нафар шифо ёфтаанд.

Мутахассисон ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" бештар аз 400 нафарро ташкил медиҳад. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ҳукумат ва вазорат тамоми чораҳоро барои пешгирӣ аз CОVID-19 ва табобати беморон меандешад. Коронавируси нав, ки моҳи декабр дар Чин пайдо шуд, то кунун 425 ҳазор нафарро дар саросари ҷаҳон кушта, ба 7 миллиону 500 ҳазор нафар сироят кардааст. Омор дар бораи бемориро Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико ҷамъ меорад.

XS
SM
MD
LG