Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бовар дорад, ки “аксари кулл”-и сокинони Русия ҷонибдори тағйири конститутсия ҳастанд


12 июн, Маскав
12 июн, Маскав

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, “аксари кулли” шаҳрвандони кишвар аз мавқеи ӯ барои тағйири Конститутсия пуштибонӣ мекунанд. Зимни суханронӣ дар маросими тақдими нишонҳои Қаҳрамони меҳнат дар рӯзи 12 июн дар боғи ғалабаи Маскав Путин сокинонро бо Рӯзи Русия табрик гуфт. Путин гуфт, мардуми Русия ба “таърихи бисёрасраи худ, анъанаву фарҳанг”, “эҳтироми волидон ва оила”, “муҳаббат ба сарзамин ва тамомияти арзӣ” арҷ мегузорад ва ҳамин арзишҳо, ба гуфтааш, баёнгари тағйирот ба конститутсияи Русия мебошад. Дар нахустин суханрониаш дар баробари мардум дар шароити пандемияи корнавирус Путин аз бекор шудани мӯҳлати собиқи президентиаш, ки муҳимтарин тағйироти конститутсионӣ мебошад, чизе нагуфт.

Путин дар давраи коронавирус дар қароргоҳи худ дар вилояти Маскав зиндагиву кор мекард ва бо зердастонаш ҳам ба таври фосилавӣ дар тамос мешуд.

Рӯзи 1 июл дар Русия овоздиҳии сартосарӣ барои тағйири конститутсия баргузор мешавад. Мунаққидону мухолифони Путин мегӯянд, ки ин тағйирот ба тақвият қудрати ӯ равона шудааст. Путин аз соли 1999 дар сари қудрат аст ва дар сурати тағйири конститутсия, 20 соли раҳбарии ӯ расман бекор шуда, ӯ ҳақ пайдо мекунад, ки ду бори дигар дар интихоботи президентӣ иштирок кунад.

XS
SM
MD
LG