Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон созишномаро дар бораи пойгоҳи Русия тағйир дод ва пули бештар мегирад


Соли 2013, афсари рус дар пасманзари пойгоҳи низомии Кант
Соли 2013, афсари рус дар пасманзари пойгоҳи низомии Кант

Вакилони порлумони Қирғизистон ба созишнома дар бораи мақоми пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ислоҳ ворид карданд. Бар асоси тағйироте, ки рӯзи 12-уми июн қабул шуд, нархи солонаи иҷораи замини пойгоҳ афзоиш меёбад.

Дар натиҷаи омӯзиши топографии замини пойгоҳ маълум шудааст, ки ҳудуди он назар ба он чи ки дар созишномаи пешина зикр шудааст, 58,32 гектар бузургтар мебошад. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, пойгоҳи низомии Русия дар 924,52 ҳектар замин ҷойгир аст.

Баъд аз тағйири рақамҳо дар созишнома қимати иҷораи солонаи пойгоҳ 291 600 доллар бештар шуд. То ин дам Русия солона барои иҷораи замини пойгоҳаш дар Қирғизистон 4 502 495 медод.

Тарҳи қонун дар Қирғизистон баҳси зиёд эҷод кард, чун бархе аз корбарони Интернет созишномаи иҷораи замини пойгоҳро таҳти шубҳа қарор доданд. Онҳо гуфтанд, бар асоси созишнома хатти парвоз дар пойгоҳи низомӣ дар шаҳри шимолии Кант дар ҷараёни таъмир ва баъди он ба Русия рабт хоҳад дошт.

Дар тарҳи қонуни нав омадааст, ки "ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ба созишнома тағйирот ворид мекунад ва ин тағйирот баъди анҷоми мӯҳлати ин санад бозгардони иншоотро ба Қирғизистон пешбинӣ мекунад".

Пойгоҳи низомии Кант соли 2003 бо ташаббуси Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) боз шуд. Ба ин созмон инчунин Русия, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Тоҷикистон шомил ҳастанд.

Пойгоҳи низомии берун аз шаҳри Бишкекро соли 2001 нирӯҳои амрикоӣ дар чаҳорчӯби амалиёти низомӣ дар Афғонистон истифода карданд, вале соли 2014 дар пасманзари фишори Маскав Қирғизистон он пойгоҳро баст. Соли 2017 пойгоҳи Кант ва се муассисаи дигари низомии русӣ дар Қирғизистон ба як пойгоҳи воҳиди низомӣ табдил шуд.

XS
SM
MD
LG