Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як таркиши масҷид дасти кам чор нафар кушта ва бисёриҳо захмӣ шуданд


Намози ид дар масҷиди Пули Хиштии Кобул. 24 апрели соли 2020
Намози ид дар масҷиди Пули Хиштии Кобул. 24 апрели соли 2020

Дар як таркиши масҷиди Кобул рӯзи 12 июн дастикам чор нафар кушта ва шумори зиёди номзгузорони дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар изҳороти вазорати умури дохилии Афғонистон гуфта шуд, ки маводи таркандаи дар масҷиди “Шершоҳи сурӣ” ҷогузоришуда дар ҷараёни намози ҷумъа таркид. Дар миёни кушташудаҳо муллои масҷид низ мебошад. То ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст. Ҳафтаи ҷорӣ Залмай Халилзод, фиристодаи ИМА дар Афғонистон дар талоши суръат бахшидан ба иҷрои созиши сулҳи Вашингтон ва Толибон буд, ки моҳи феврали имсол ҳамчун талоши хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистон имзо шуд. Созиш хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз хоки Афғонистон ва ӯҳдадориҳои амниятии Толибонро тақозо мекунад. Вашингтон инчунин ба сулҳи миёни ҳукумат ва Толибон пойфишорӣ дорад. Дар Афғонистон ҳамчунин гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳузур дорад, ки дар моҳҳои ахир чандин ҳамлаи пурхушунатро анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG