Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи рӯбоҳу шағол ба Чашмаи Хуҷанд. "Ҳайвонҳо гурусна монданд"?


Чанд шағолу рӯбоҳ барои шикори ҷонварон ва паррандаҳо ба манзили сокинони маҳаллаи "Чашмаи Арзана" дар шаҳри Хуҷанд ҳамла кардаанд. Ҳарчанд зарари он ҳисоб нашудааст, сокинон мегӯянд, "барои буҷаи оила ҷиддӣ аст". Онҳо аз шикорчиён даъват кардаанд, ки бошандагони қисмати шимолу ғарбии маркази вилояти Суғдро аз ҳамлаҳои даррандаҳо наҷот диҳанд.

Яҳё Акрамов, сокини ҳафтодсолаи маҳаллаи "Чашмаи Арзана", рӯзи 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтае пеш субҳгоҳӣ дар ҳавлиаш нишонаҳои бедодгарии ҷонварони ваҳширо дидааст. Ба гуфтаи вай, дар як утоқи тирезаҳояш кушода бист мурғобиро нигоҳубин мекард, он субҳ ягон мурғобиро зинда наёфт.

"Танҳо болу пар ва хуни рехтаашон монда буд. Мехостам, дар фасли зимистон онҳоро ба ҷойи гӯшт истифода кунем, вале шағолҳо моро ноумед карданд", - нақл кард ӯ.

Мубинҷон Маҳмудов, раиси маҳаллаи "Чашмаи Арзана", мегӯяд, воқеан дар чанд рӯзи охир аз тақрибан 15 сокини маҳалла чунин шикоятҳо гирифтааст. Ба қавли ӯ, чанде аз сокинон шағолу рӯбоҳҳоро дидаанд.

Тибқи қонунгузорӣ, дар масофаи то 500 метр аз маҳалли аҳолинишин шикорчиён ҳақ надоранд тирпарронӣ кунанд. Раиси маҳаллаи "Чашмаи Арзана" мегӯяд, худ шикорчӣ аст ва ба Камолҷон Маҳкамов, нозири минтақавии милиса гуфтааст, бояд аз ҳисоби шикорчиёни ҳирфаӣ гурӯҳе ташкил карда, шабона мунтазири омадани ҷонварон бошанд.

Алихон Латифӣ, фаъоли зистмуҳитӣ мегӯяд, "маҳаллаи "Чашмаи Арзана" зери кӯҳи Муғул ҷойгир аст. Шағолу рӯбоҳ асосан мушу калламушҳоро сайд мекунанд. Дар қисмати болоии ин маҳалла партовгоҳе ҳаст ва ин ҷонварон маъмулан дар он ҷо машғули шикор мешаванд. Аммо вақте калламуш тамом шуд, ба ҳавлиҳои сокинон ҳамла карда, паррандаҳои онҳоро сайд мекунанд".

Бори аввал нест, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ҳамлаҳои ҳайвоноти ваҳшӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Барои ҳалли ин мушкил мақомот ҳатто сохторҳои вижаи ниҳодҳои қудратиро ҷалб мекунанд.

Дар зимистони соли ҷорӣ Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пешгирӣ аз ҳамлаи гургҳо ба сокинон, ба гурӯҳе аз шикорчиён милтиқ ва тир дод. Мақомоти вилоят гуфта буданд, бо ин роҳ 28 гургро "безарар" гардонданд.

Дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла, ноҳияҳои кӯҳистонии вилояти Суғд низ аз ҳамлаи гургҳову шағолҳо ба сокинон ва ҳатто ҷон бохтани онҳо дар пайи чунин мулоқот гузоришҳо шудааст.

Ҳарчанд фаъолони зистмуҳитӣ мухолифи муносибати бадрафторона бо ҳайвоноти ваҳшӣ ҳастанд, мақомот мегӯянд, ба хотири ҳифзи манфиатҳои сокинон маҷбуранд даст ба чунин кор бизананд.

Қонунгузории Тоҷикистон сайди ҷонварони ваҳширо танҳо ба мӯҳлатҳои муайян ба хотири ҳимояи афзоиши саршумори онҳо маҳдуд мекунад. Вале шикори гургу рӯбоҳ ва шағол дар Тоҷикистон ба мисли сайди бабри барфӣ ё гӯсфанди Марко Поло маҳдуд намешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG