Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯҳдадории ИМА ва Ироқ барои идомаи хуруҷи  нирӯҳои амрикоӣ аз хоки Ироқ


Низомиёни амрикоӣ дар шаҳри Ҳавиҷаи Ироқ. Акс аз соли 2011
Низомиёни амрикоӣ дар шаҳри Ҳавиҷаи Ироқ. Акс аз соли 2011

Дар изҳороти муштараки ИМА ва Ироқ рӯзи 11 июн гуфта шуд, ки ИМА ӯҳдадорӣ супурдааст, ки хуруҷи нирӯҳояшро аз хоки Ироқ идома медиҳад. Чунин ваъда баъди муколамаи стратегии байни ду кишвар садо дод. Қонунгузорони ироқӣ баъди дар моҳи январи имсол дар хоки кишварашон аз дрони амрикоиҳо кушта шудани генерали эронии Сипоҳи посдорон аз ИМА талаб мекарданд, ки нирӯҳояшро аз хоки ин кишвар берун кашад. Дар изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки коҳиши нирӯҳо бо “пешрафти назаррас дар муқобили таҳдидҳои “Давлати исломӣ” рабт мегирад. Изҳорот дар бораи шумор ваё мӯҳлати хуруҷи нирӯҳо чизе намегӯяд, танҳо ишора шудааст, ки “дар моҳҳои наздик” анҷом мешавад. Дар бораи мақоми нирӯҳои боқимонда омадааст, ки ин мавзӯъ дар музокироти баъдӣ баррасӣ мешавад ва ҷонибҳо таваҷҷӯҳро ба рушди равобити дуҷониба дар умури амниятӣ ва бар пояи манфиатҳои ҳамдигарӣ равона хоҳанд кард. ИМА гуфтааст, ки дар андешаи ҳузури доимии низомӣ дар Ироқ нест. Ҳукумати Ироқ гуфт, ки ҳимояти низомиёнеро, ки бахше аз эътилофи зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” бо раҳбарии ИМА мебошад, ба ӯҳда мегирад. Муколамаи стратегии байни ду ҳукумат дар пасманзари пандемияи коронавирус тавассути конфронси телевизионӣ баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG