Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифои ИМА амр дод, ки бархӯрди Горди  миллӣ  ба эътирозҳо тағйир дода шавад 


Марк  Эспер,  вазири дифои ИМА
Марк  Эспер,  вазири дифои ИМА

Марк Эспер, вазири дифои ИМА амр дод, ки дар паи марги марди амрикоии африқоитабор Ҷорҷ Флойд муқаррароти тарзи бархӯрд ба эътирозҳо дар саросари ИМА тағйир дода шавад. Вазорати дифоъ рӯзи 11 июн бо пахши изҳороте гуфт, ки Эспер қонуни тарзи рафтори Горди миллӣ дар қиболи эътирозҳои маданиро бозбинӣ хоҳад кард. Баъди он ки Флойд дар як ҳодисаи боздошти полис кушта шуд, саросари ИМА-ро эътирозҳо фаро гирифт ва дар заминаи тарзи рафтори низомиёни Горди миллӣ суоли зиёд пайдо шуд. Бахусус ҳодисаи истифода аз Горди миллӣ дар паи эътирозҳо дар боғи Лафайети назди Кохи Сафед рӯзи 1 июн мавриди интиқодҳои шадид шуд. Эътирозгаронро бо истифода аз спрейи қаланфурдор, норинҷакҳои баландсадо ва тирҳои резинӣ пароканда карданд ва дар ҳамин лаҳзаҳо президент Доналд Трамп ба назди калисои таърихӣ рафта дар пасманзари он акс гирифт. Рӯзи 11 июн генерал Марк Миллӣ, фармондеҳи ситоди муштарак, ки Трампро он лаҳзаҳо то калисо ҳамроҳӣ карда буд, гуфт, хато кард, ки ӯ дар ин саҳнаҳо иштирок кард, чун баъди он “чунин тасаввуре ҳосил шуд, ки гӯё низомиён дар умури дохилии сиёсӣ иштирок мекунанд”.

XS
SM
MD
LG